АТТЕСТАТСИЯ ШАФФОФ МЕГУЗАРАД

Имрӯзҳо давраи муҳим – аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷараён дорад. Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни аттестатсияи имсолаи хонандагон бо роҳнамоии сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Х. Одинаев муассисаҳои таълимии №№1,4,12 ва 23 шиносоӣ ба амал овардем. Рафти аттестатсия дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҳамадонӣ нишон дод, ки кормандони соҳаи маорифи ноҳия ва омӯзгорону хонандагон ба ин чорабинии муҳим омодагии хуб дидаанд. Натиҷаи имтиҳони хатм дар синфи 11(б) аз фанни технологияи иттилоотӣ (шифоҳӣ) чунин аст: аз 32 нафар хонанда 7 нафар баҳои «5», 13 нафар баҳои «4» ва 12 нафар баҳои «3» гирифтанд. Дар синфи 7(г) аз фанни забони русӣ (диктант) аз шумораи 26 нафар хонанда 1 нафар баҳои «5», 12 нафар баҳои «4» ва 13 нафар баҳои «3» гирифтанд. Дар синфи 9(а) аз фанни адабиёт (эссе) менавиштанд. Аз ҷавоби хонандагон ба саволҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ маълум мегардад, ки хонандагон ба имтиҳон бо тайёрии хуб омадаанд. Дар даромадгоҳи муассисаи таълимии №4-и Ҷамоати деҳоти Дашти Гуло хонандагон ба аттестатсияи навбатӣ омодагӣ доштанд. Хонандагони синфи 11(б,в) аз фанни таърихи халқи тоҷик (шифоҳӣ) ва хонандагони синфи 11(а), ки бо равияи табиӣ–риёзӣ таҳсил мекарданд, аз фанни технологияи иттилоотӣ (шифоҳӣ) ба супоридани имтиҳон тайёрӣ медиданд. Аттестатсияи хатм соати 8 оғоз шуд. Иштироки хонандагон ба аттестатсия 100%-ро ташкил медод ва тамоми маводи имтиҳонӣ пурра мавҷуд буд. Натиҷаи имтиҳон аз фанни таърихи халқи тоҷик дар синфҳои 11(б,в) чунин буд: Аз шумораи 52 нафар хонандаи дар имтиҳон иштирок дошта, бо баҳои «аъло» 9 нафар, «хуб» 25 нафар ва «миёна» 18 нафар ҷамъбаст намуданд. Дар синфҳои 9(а,б,в) аз фанни адабиёт (эссе), омӯзгори аттестатсиягиранда С. Мирзоев, ёвар З. Эмомов ва раиси комиссияи аттестатсионӣ О. Сафаров матни кори хаттиро соати 8-00 дастраси хонандагон гардонданд. Аз шумораи 91 нафари дар имтиҳон иштирокдошта, 33 нафар баҳои «аъло», 35 нафар баҳои «хуб» ва 23 нафар баҳои «миёна» гирифтанд. Директори муассисаи таълимии №12 Ҷ. Бароталиев иброз дошт, ки имсол омодагиҳои хонандагон ба аттестатсия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда буд ва натиҷаи ҷараёни аттестатсия нишон дод, ки сатҳи дониши хонандагон пеш рафтааст. Муассисаи таълимии №23 (директораш Г. Назарова) яке аз муассисаҳои пешқадами ноҳия ба ҳисоб меравад. Натиҷаи аттестатсияи хатм дар синфҳои 11(а,б,в) аз фанни адабиёт (эссе) чунин аст: аз 80 нафар хонанда 19 нафар баҳои «5», 33 нафар баҳои «4» ва 27 нафар баҳои «3» гирифтанд. Дар синфҳои 9(а,б,в) аз фанни биология (шифоҳӣ) (муаллим Л.Назарова) аз шумораи 95 нафар хонандаи синфи 9 20 нафар баҳои «5», 21 нафар баҳои «4» ва 51 нафар баҳои «3» гирифтанд. Дар синфи 10 (а,б,в) адабиёт (эссе) хонандагон аттестатсияи аз синф ба синфгузарониданро месупориданд. Аз шумораи 74 хонандаи синфи 10 аз фанни адабиёт (эссе) бо баҳои «аъло» 21 нафар, бо баҳои «хуб» 20 нафар ва бо баҳои «миёна» 33 нафар аттестатсияро ҷамъбаст намуданд.
Шариф АБДУЛҲАМИД
«Омӯзгор»