ТАКМИЛИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ЗАРУР АСТ

28-уми декабри соли 2023 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд, чунки дар ин сол ба қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад ва ин ҷашн бояд бошукӯҳ таҷлил карда шавад. Воқеан, қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, инчунин, эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан, моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла, моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд.
Маърифати ҳуқуқӣ василаи муҳимми танзимкунандаи рафтор ва фаъолияти шахс дар ҷомеа ба шумор рафта, омили мусоид баҳри таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат аст. Маҳз сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар дар чаҳорчӯби қонун муқаррар шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар шинохти воқеии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳо муваффақ гардад. Дар шароити вусъат пайдо намудани ҷаҳонишавӣ ва рушди равандҳои демократӣ аҳамияти маърифатнокии ҳуқуқӣ ба маротиб боло рафтааст. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳар шаҳрванд бояд ба мавқеи мустақили шаҳрвандӣ ва шахсияш муносибати бошуурона дошта бошад ва ба равандҳои гуногуни ҷамъиятӣ бохирадона муносибат намояд. Дар чунин шароит маҳз донишҳои ҳуқуқии зарурӣ, устувории иродаи сиёсӣ ва мафкуравӣ метавонанд фаъолияти шахсро дар доираи муайянкунандаи қонун ва тартибот таъмин созанд. Шаҳрвандон бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро донанду аз худ кунанд. Нафаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқиро медонаду аз талаботи онҳо бохабар аст ва талаботи ин аснодро риоя менамояд, метавонад, ҳуқуқҳои худро ҳифз кунад. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин меъёри конститутсионӣ шаҳрвандонро водор месозад, ки дар самти риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда пешоҳанг бошанд.
Меҳроб ЗИЁЗОДА,
хонандаи гимназияи №2-и шаҳри Душанбе