МАОРИФ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ КИШВАР

Дар низоми давлатдории миллӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳимми барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми сокинони мамлакат гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар санади муҳим буда, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат аз ҳар шаҳрванди кишвар заҳмати софдилонаву шабонарӯзиро тақозо менамояд. Иҷрои нишондодҳои Паём ҷиҳати ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ хоҳад буд.
Пешвои миллат бо такя ба хиради азалӣ ва таҷрибаи бузурги роҳбарӣ тавонистанд, ки дар Паёми хеш на танҳо аз муваффақиятҳо сухан гӯянд, балки камбудиву мушкилоти мавҷударо дар сохторҳои гуногуни давлату ниҳодҳои иҷтимоӣ бозгӯ кунанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилот пешниҳодоти муассир манзур созанд. Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, муҳимтарин бахше, ки дар Паём зикр гардид, соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад.
Пешвои миллат соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкимбахши давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сифати омода намудани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
Субъектони марказии тарбия дар ҷомеа, пеш аз ҳама, оила ва маориф мебошанд, ки дар меҳвари он падару модар ва омӯзгорон қарор доранд. Аз ин хотир, дар Паём ба ин қишри ҷомеа Пешвои миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, масъулияти муайянро низ дар ҷодаи таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеа ба онҳо вогузор намудаанд.
Дарвоқеъ, омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст. Зеро пойдориву устувории ҳар ҷомеа аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр ва соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил метавонанд дар пешрафти кишвар саҳми босазо гузоранд. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи муаллимони олиқадр вобаста аст.
Чунонки Пешвои миллат дар Паёми хеш дар хусуси мақоми омӯзгор иброз намуданд: «Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».

Ш. СОЛИХОҶАЕВА,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров