КОРНОМАЕ, КИ АЗ РӮЙИ ВИҶДОН БУД

Субҳи шанбе, 18 майи соли равон, соати 7:30 дақиқа шамоли сахту пуршиддате вазидаву шохаҳои дарахтонро ларзонда, садои ваҳмовари раъду равшании ногаҳонии барқ сокинони деҳаи Дараи Ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимовро ба ташвишу нигаронӣ мувоҷеҳ намуд. Аввал борон оҳиста-оҳиста ба боридан шуруъ карда, пасон якбора шиддат гирифта, қатраҳои бузурги он рӯйи роҳу пайроҳа, кӯчаву тангкӯчаҳо таҷаммуъ намудаву ҷӯй кашида, ба селоби ҳамагире табдил ёфт. Фавҷи абрҳои сиёҳу тирагун соҳати осмонро фаро гирифта, гулдурроси раъд гӯйё кӯҳҳои рӯ ба рӯйи деҳаро чаппа кардан мехост. Сел бо садои даҳшатовари худ аз талу теппаҳо ва доманаи кӯҳ ҷониби деҳа ҷорӣ шуда, оқибат ба роҳу кӯчаҳо ва ба бинои муассисаи таълимии №81, ки дар сари роҳ ҷойгир буд, сар даровард. Об ба девори қафои бино нуфуз карда, ҷӯш задаву талотум намуда, хавфи чаппа гардидани он ба миён омада буд.
Ин гуна селоб ба саҳни мактаб ҷорӣ шудаву наздик буд, ки ба пешайвону синфхонаҳо ворид гардад. Вазъи ногувору фалокатзо омӯзгорону хонандагонро маҷбур кард, ки мактабро паси ҳамдигар тарк созанд. Ин манзара, ки оҷизу нотавон мондани сокинони деҳа ва омӯзгорону шогирдонашонро пеши назар бармало месохт, сарвари таълимгоҳ, ҷавонмарди соҳибиродаю ғаюр ва ҷасуру бебок Баҳриддин Исломзодаро ба он водошт, ки фикру хаёлҳои маъшумро бехӣ аз сар дур кунаду аз анҷомхонаи дабистон белу каландро бардошта, барои пеши маҷрои селро гирифтан худ талош намояд. Вай дар тӯли умри худ селборони зиёдеро дидаву ба мушоҳида гирифта буд, аммо чунинашро хеле кам дар ёд дошт. Вазъ ба андозае нохушу навмедкунанда буд, ки мағок (чуқурӣ)-и жарфи паси бинои таълимгоҳ лаболаби об гардида, мавҷҳои он то зону меомад. Баҳриддин фурсати иваз кардани либосҳояшро наёфта, ба кор шуруъ кард. Аз ҳошияи роҳе, ки ба мактаб мебурд, тез-тез ҷӯй кушода, оби селро ба самти поёни саҳни таълимгоҳ равон намуд. Аз шиддат ёфтани борон либосҳояш шип-шилта тар шуда, дар дохили лойқаоб пойҳояшро, ки дармонда буданд, базӯр ҷунбонда, каноре баромад. Сел ҳамчунон башаст ҷорӣ шуда, меғурриду туғён мекард.
— Чӣ бояд кард? – аз дил гузаронд сарвари мактаб ва ногоҳ ба хотираш халтаҳои қуму пасмондаи ангишт расид, ки дар ҳезумхона мехобид. Зуд ҷониби ҳезумхона шитобида, халтаҳоро ба навбат бардошта, ҷониби саҳни таълимгоҳ шитобида, дар лабмарзаи селоб гузоштан гирифт. Вақти зиёде сипарӣ мешуд, аммо Баҳриддин Исломзода тамоми нерую иродаашро ба кор бурда, пеши худ мегуфт, ки агар сел ӯро гирифта барад ҳам, бинои мактабро аз ин офат наҷот хоҳад дод. Танҳо баъди пеши ҷараёни селро аз халтаҳои қуму партови ангишт девор бардоштан сокинони деҳа як-як аз ҷасорату бебокии директори мактаб руҳбаланд гардида, ба ёрию дастгирии ӯ шитобиданд. Соати 9:30 дақиқа борон қатъ гардид, аммо ин вазъ дер давом накард. Чанд лаҳза баъд сипоҳи абрҳои сиёҳандуд дубора осмонро фаро гирифта, борон ба боридан шуруъ кард. Акнун он сим-сим мебориду хатари омадани сел вуҷуд надошт. Ҳамин тавр, фидокорию эҳсоси масъулиятшиносии директори мактаб ба он мусоидат кард, ки пеши ҷараёни сели даҳшатовар гирифта шаваду бинои муассисаи таълимӣ зарар набинад ва синфхонаҳоро об зер накунад.
Бояд гуфт, ки Баҳриддин Исломзода дар деҳаи Дараи Ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод, дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, 26 сол дорад. Нахуст дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии №81 ва пасон муассисаи таҳсилоти умумии асосии №42-и деҳаи Юст таҳсил намуда, мактаби деҳаи Яхакро хатм мекунад. Бо тавсия ва роҳнамоии қиблагоҳашу бародаронаш ба факултети таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дохил гардида, онро соли 2021 ба итмом мерасонад. Оилаи онҳоро дар деҳа ҳамчун оилаи омӯзгорон ном мебаранд. Аз чаҳор нафар омӯзгор дар ин хонадон ду нафар дар мактабҳои ноҳияи мазкур ба ҳайси директори муассисаи таълимӣ ифои вазифа мекунанд. Баҳриддин Исломзода дар тӯли як соли фаъолияти омӯзгорӣ бо маҳорату малака ва донишу ҷаҳонбинии пешрафтааш дар байни ҳайати устодону омӯзгорон ва сокинони деҳа соҳиби обрӯю эҳтироми баланд гардид. Вай машғулиятҳояшро бо истифода аз васоити аёнӣ ва технологияи инноватсинӣ дар сатҳи созгор ба замони муосир ташкил ва баргузор мекунад. Маҳз кордонию қобилияти ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, соли 2022 ӯро директори муассисаи таҳсилоти умумии №81-и зодгоҳаш таъйин карданд. Бояд таъкид кард, ки бинои мактаби зикршуда соли 2004 сохта шуда, ҳамчун таълимгоҳи камнуфус амал мекунад. Фаъолияти омӯзгорони муассиса дар байни дигар таълимгоҳҳои ноҳия назаррас буда, онҳо саъю толош ба харҷ медиҳанд, ки сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии шогирдонашон беҳтару самарабахштар гардида, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳсоси ормонҳои миллӣ тарбия ва ба камол расонанд.
Дар ҳамаи ин дастоварду комёбиҳо саҳми бевоситаи сарвари мактаб, ҷавонмарди поквиҷдону масъулиятшинос Баҳриддин Исломзода хеле калон мебошад.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»