ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ КОРРУПСИОНӢ

Зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ, дорои донишҳои ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ будани шахс фаҳмида мешавад. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2023) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад.
Маърифати ҳуқуқӣ заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ ва инкишоф дода, дар табодулу инкишофи маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмуи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои гуногун иборат мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ аз намудҳои дигари маърифат ба куллӣ фарқ дорад, зеро он ба ин васила, маҷмуи хоси ҷузъиёти моддӣ ва маънавиро ташкил менамояд.
Дар замони муосир коррупсия доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятиро фаро гирифта, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон ба назар мерасад ва оқибатҳои манфиеро ба бор меоварад, ки боиси коста гардидани саводнокии ҷавонон, таҳдид ба саломатии аҳолӣ, аз байн бурдани адолати иҷтимоӣ, мамониат ба таъмини амнияти миллӣ ва ғайра мегардад.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида, муқовимат бо коррупсияро дар сатҳи қонунгузорӣ пурзӯр намуда истодааст.
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 модда ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бахшида шуда, барои он ҷазо муқаррар карда шудааст. Дар баробари ин, боби 38-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ ба ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионӣ бахшида шудааст.
Муқовимат бо коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тавассути такмили қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 28 декабри соли 2012 қабул гардид.
Баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ва корҳои тавзеҳӣ дар байни аҳли ҷомеа низ яке аз ҳадафҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ мебошад, ки дар натиҷа ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат мусоидат менамояд.
Оиша ИЛҲОМЗОДА,
хонандаи синфи 9-и МТМУ№72-и ноҳияи Фирдавсӣ