ҲАФТАИ ИЛМ, ТЕХНОЛОГИЯ, ИННОВАТСИЯ ВА ИХТИРОЪКОРИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

24 майи соли равон дар толори фарҳангии «Маркази ош»-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» зери унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд» баргузор гардид.
Қайд гардид, ки имсол дар доираи Ҳафта-чорабиниҳои муҳимми илмӣ-маърифатӣ, ба монанди намоиши дастовардҳои техникиву технологӣ ва илмию инноватсионӣ, IT-гап, дарси маҳорат (мастер-класс), Озмуни шаҳрии «Илм ва амал», Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба «Зеҳни сунъӣ ва масъалаҳои омӯзиши он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ», Озмуни шаҳрии «Омӯзгори муосир», «Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» ва озмуни «Беҳтарин кабинети фанни технологияи иттилоотӣ» баргузор гардиданд.
Озмуни «Илм ва амал» 21 майи соли равон дар Муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур 63 лоиҳа аз ҷониби хонандагони 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии типи нав ва муассисаи таълимии хусусии шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шуд. Аз ҷониби хонандагон 44 лоиҳаи ихтироъкорӣ ва 19 лоиҳаи инноватсионӣ ба таври гурӯҳӣ ва инфиродӣ муаррифӣ гардид. Дар ҷамъбасти озмун 37 номгӯйи лоиҳаҳо ғолиб дониста шуданд.
Инчунин, рӯзҳои 22-23 майи соли равон дар Парки технологии Маркази ҷавонон Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аз рӯйи номинатсияҳои «Барномасозӣ», «Зеҳни сунъӣ», «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ», «Робототехника» ва «Дизайни графикӣ» баргузор гардид. Дар Форум зиёда аз 230 довталаб иштирок карданд ва аз ҳар номинатсия сетоӣ ғолиб муайян карда шуд. Дар озмуни шаҳрии «Омӯзгори муосир», ки 23 май дар толори компютерии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид, 64 нафар омӯзгори технологияи иттилоотии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе фаъолона иштирок карданд. Тариқи барномаи My-Test донишҳои назариявии омӯзгорон санҷида шуд. Дар марҳалаи дуюм иштирокчиён тавассути сомонаи https://vjudge.net/ ба барномасозӣ машғул шуда, лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуданд. Ҳамин тавр, 3 нафар омӯзгор дар озмуни мазкур ғолибият ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки озмуни шаҳрии «Омӯзгори муосир» бори нахуст дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» гузаронида мешавад. Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳои ҳафта озмуни «Беҳтарин кабинети фанни технологияи иттилоотӣ» ҷамъбаст гардид, ки аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, типи нав ва бахши хусусӣ яктоӣ кабинети беҳтарин муайян карда шуд. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ба таври бошукӯҳ доир гардид.
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»