ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТ

Тарбияи ватандӯстиву ватанпарварии шаҳрвандон, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Махсусан, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи мазкур диққати бештар зоҳир мегардад. Чунонки Сарвари давлат дар яке аз Паёмҳояшон таъкид карданд: «Мо бояд ватандӯсту ватанпарвар бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Воқеан ҳам, заминаи рушди ҳар як давлату ҷомеа ин дарки баланди ватандӯстӣ ва дар тафаккури шаҳрвандон эҷод намудани ҳисси садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ, омода намудан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан мебошад. Аз ҷумла, вазифаи ватанпарастии шаҳрвандон яке аз унсурҳои асосии тарбияи миллӣ ба ҳисоб меравад ва он дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 қабул гардидааст, дарҷ шудааст.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 20 декабри соли 2022, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Барои кишваре мисли Тоҷикистон, ки 70 фисади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд, қабули чунин қонун амри зарурӣ ва саривақтӣ ба шумор меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, барои давлатҳои узви ИДМ таҷрибаи нахустин буда, гувоҳ аз баланд будани фаъолияти қонунэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Хулоса, метавон гуфт, ки қабули қонуни болозикр идомаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад ва барои халқи тамаддунофари тоҷик ҳодисаи фаромӯшнашаванда ва таърихист.
Оиша БАДАЛОВА,
хонандаи синфи 9, МТМУ №88,
шаҳри Душанбе