«БАРНОМАИ БИЛЛИНГӢ» – КАФИЛИ ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТ, АМНИЯТ ВА РОҲИ ОСОНИ ПАРДОХТИ МАБЛАҒИ ИҶОРАИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ

Муқаддима
Имрӯз техникаву технология ба таври чашмрас рушд кардаву имконоти мусоид ҷиҳати фаъолият дар ҳамаи самтҳо ба вуҷуд овардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз дастовардҳои замони муосир бархурдор мебошад, барои муассиру босамар ва мувофиқ ба замон ба роҳ мондани фаъолият дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ тадбирҳои судманд андешида мешавад. Дар кишвар ҷиҳати пешрафти иқтисодиёт, нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, решакан намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, фаъолияти бомароми ҳамаи соҳаҳо мувофиқ ба замони муосир ва таъмини зиндагии шоистаи мардум низоми ғайринақдии пардохт ба роҳ монда шудааст. Аз ин ҷост, ки фаъолияти ҳамаи бахшҳо ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ мегардад ва фарҳанги истифодаи технологияи муосир рӯз то рӯз такмил меёбад. Ин ҳама дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки зимни он пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, аз ҷумла, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, коммуналӣ ва намудҳои дигари хиз­матрасониҳои давлатӣ аз 1 августи соли 2023 тариқи ғайринақдӣ муайян шудааст, сарчашма мегирад. Бинобар ин, ба таври назаррас ба роҳ мондани пардохти ғайринақдӣ аз муҳимтарини вазифаҳои аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бояд қайд, ки дар заминаи фармони мазкур ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи 5411 илова гардида, барои риоя нагардидани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати фаъолияти пурсамар «Барномаи биллингӣ»-ро дар низоми пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ҷорӣ кардааст. Барномаи мазкур аҳамияти барҷаста дошта, яке аз маъмултарин ва амнтарин барномаҳо дар сатҳи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ба ин маънӣ, мехоҳем, муҳиммияту бартарият ва моҳияти низоми биллингиро шарҳу тавзеҳ бахшем, то хонандагон дар ин боб маълумоти дақиқу мухтасар дарёфт кунанд.
Биллинг чист ва он дар куҷо истифода мешавад?
Ҳисобкунӣ ё системаи автоматии биллинг нармафзори махсусест, ки имкон фароҳам меорад, тавассути технологияҳои муосир пардохти хид­матрасониҳо таъмин карда шавад. Имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон аз ин воситаҳои хидматрсонӣ васеъ истифода мешавад. Дар доираи ин барнома дар миқёси ҷаҳон тамоми хидматрасониҳои тиҷоративу маркетингӣ ва пардохтҳои электронӣ ба роҳ монда шуда, ширкатҳои бузург аз ин восита бомуваффақият корбаст мекунанд.
Одатан, истифодабарандагони асосии системаҳои биллингӣ операторони алоқа ва хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошанд, ки дар он ҷо баҳисобгирии комплексии хизматрасонӣ, инчунин, сари вақт идоракунии онҳо зарур аст. Ва барои шахсони воқеӣ чун қоида аз сабаби нокифоя будани маблағ дастрасӣ дар ин самт ғайрифаъол ба назар расад ҳам, барои шахсони ҳуқуқӣ аксар вақт паспардохт бо зарурати саривақт ҳисоб кардани ҳисоббаробаркунӣ, назорати пардохт, кор бо қарзи дебиторӣ ва ҳуҷҷатҳои пӯшида истифода мешавад.
Сабаби дигари муҳим хидматҳои якҷоя ё конвергенӣ мебошад. Он метавонад якчанд хидматро дар бар гирад. Пас аз он, зинаи низоми мураккаби хидматҳо бо вобастагӣ ва шароит ба вуҷуд меояд, ки дар он дигар сабтҳоро дар системаи одии худнависӣ ё Excel нигоҳ доштан ғайриимкон аст.
Соли 2022 биллинг на танҳо операторони алоқа, бонкҳо ва хадамоти манзилию коммуналӣ, балки тамоми бахшҳои фаъолиятҳоро фаро гирифт. Хидматрасонии давра ба давра бо шартҳои гуногуни пешниҳод, ҳисобҳои мураккаб ва доираи васеи имконоти қабули пардохт аз ҷониби ширкатҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, ВАО ва истеҳсолкунандагони мошин ҷорӣ карда мешавад. Имрӯз қариб дар тамоми тиҷорати муосир, ки модели обунаро истифода мебарад, системаи биллингӣ истифода мешавад.
Аҳамияти системаи биллингӣ
Системаи биллингӣ як бастаи нармафзори мураккаби дорои танзимоти чандир ва модулҳои зиёде мебошад, ки ҳам функсияҳои мавҷударо васеъ ва ҳам тафтиш ва амниятро таъмин мекунанд.
Истифодаи системаи муосири таҳияшуда имкон медиҳад, ки маҳсулоту мавод ва хидматҳои пешниҳодшуда танзим ва сари вақт дастрас шавад. Мукаммалӣ ва эътимодокии маълумот дар бораи муштарӣ ба шумо имкон медиҳад, ки сифати хидматрасониро ба таври назаррас беҳтар ва назорат намоед, инчунин, ҳама амалҳои зарурӣ мустақиман дар интерфейс пахш мешавад.
Ҷанбаи дигари муҳим хидмат ба мизоҷон аст. Мукаммалӣ ва эътимоднокии маълумот дар бораи муштарӣ ба шумо имкон медиҳад, ки сифати хидматрасониро ба таври назаррас беҳтар ва назорат кунед, инчунин, ҳама амалҳои зарурӣ (ба монанди идоракунии хидматҳо, баргардонидан, ҳалли баҳсҳои молиявӣ) муста­қиман дар интерфейси корманд ҳалли худро ёбад.
Системаи конвергентии биллинг маълумотро дар бораи доираи васеи хизматрасониҳои пешниҳодшуда ба таври ягона коркард, ҳисоби ягонаи шахсӣ ва векселҳои ягонаро барои пардохт барои ҳар як муштарӣ таъмин менамояд.
Дар кишварҳои ҷаҳон системаи биллингӣ ҳанӯз аз соли 2007 фаъолияти пурсамар дошта, имрӯз аз маъмултарину амнтарин системаҳои пардохти ғайринақдӣ ба шумор меравад.
Қадамҳои устувори Вазорати маориф ва илм
Дар соли нави хониш тамоми муассисаҳои зертобеи вазорат, хусусан, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пардохти маблағи адабиёти таълимиву бадеӣ ва иҷораи китобҳои дарсиро пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мемонанд. Пас аз ҷорӣ шудани ин система волидон метавонанд тавассути телефони мобилӣ пули иҷораи китобҳои дарсиро пардохт намоянд. Дар мавриди иҷрои ин лоиҳа ва натиҷаҳои он бо муовини директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Рустам Пиракзода ҳамсуҳбат шудем. Бино ба иттилои мавсуф, бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мақомоти маҳаллии идораи маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори маҳаллӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадор карда шуданд, ки муассисаҳои таълимӣ тамоми хизматрасониҳои пулакӣ, аз ҷумла, пардохти маблағи адабиёти таълимиву бадеӣ ва маблағи иҷораи китобҳои дарсиро ба таври ғайринақдӣ роҳандозӣ намоянд.
Ба ин мазмун, вазорат барои назорати системаи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, аз ҷумла, даромад, хароҷот, пардохти ғайринақдии маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ «Барномаи биллингӣ»-ро таҳия кардааст.
Қарордоди дуҷонибаро 21 феврали соли 2023 ҳамчун фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фариса” ба имзо расониданд. То оғози соли нави хониш барнома дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Барномаи мазкур имкон фароҳам меорад, ки шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъмин шавад ва маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дар муҳлатҳои муқарраргардида ирсол шавад.
Ҳамчунин, амалӣ шудани системаи пардохти ғайринақдӣ хавфҳои эҳтимолии ҳолатҳои коррупсиониро дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳалҳо аз байн мебарад ва низоми содашудаи пардохти онлайниро барои волидайни хонандагон осон менамояд. Масалан, маблағи иҷораи китобҳои дарсиро падару модар метавонанд тариқи ҳамёнҳои мобилӣ дар дилхоҳ вақту соати ба онҳо мувофиқ, новобаста аз ҷою макони истиқоматашон пардохт намоянд. Ин система имкон медиҳад, ки берун аз ҷумҳурӣ тариқи низоми биллингии иҷораи китобҳои дарсӣ маблағи онро тавассути ҳисобфак­тураи пешниҳоднамудаи муассисаи таълимӣ ба таври смс — паёмак пардохт кунанд. Бояд тазаккур дод, ки низоми биллингии иҷораи китобҳои дарсӣ пас аз пурра ба истифода додан, новобаста аз мавзеи ҷойгиршавии муассиса, шаҳр, ноҳия ва ё деҳоти дурдасттарин дар шакли ягона бо талаботи якхела амалӣ гардонида мешавад.
Шоистаи таъкид аст, ки «Барномаи биллингӣ» аз ҷониби мутахассисони миллӣ коркард шуда, таҷрибаи низоми биллингии ҷамъияти «Барқи тоҷик» аст.
Бояд гуфт, ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи чек, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ, супоришномаҳои пардохтӣ ва ҳоло тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.
Яке аз афзалиятҳои пардохти ғайринақдӣ, хоҳ кортҳои пардохтии бонкӣ ё дигар усулҳои ҳисоббаробаркунӣ тариқи воситаҳои электронии пардохт, осон будани истифодаи онҳост. Воситаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳангоми дуруст истифода шудан тарзи нисбатан бехатари пардохти мол ё хизматрасонӣ мебошанд.
Хулоса
«Барномаи биллингӣ» қадами устувору мондагор дар роҳи таъмини ҳукумати электронӣ ва татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» маҳсуб меёбад. Вазорати маориф ва илм аз тамоми имконот истифода менамояд, то шаффофият, амният ва роҳи осони пардохтро дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ таъмин кунад, мушкилоти пардохти маблағҳои китобҳои дарсӣ дар заминаи он бартараф гардад, ҳолатҳои эҳтимолии коррупсионӣ аз байн бурда шавад ва волидайн дар дилхоҳ замон ва ҷою макон маблағи китобҳои дарсиро ба тариқи ғайринақдӣ пардохт кунанд.
Дар баробари ин, зарурате пеш омадааст, ки ҷиҳати омӯзиши барномаи мазкур дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки падару модарон семинару омӯзишҳо гузаронида шавад ва моҳияти масоили мазкур аз тарафи онҳо дарку маърифат гардад, то дар пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ тавассути воситаҳои муосири технологӣ ва ҳамёнҳои электронӣ онро истифода намоянд.

Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»