САРВАТИ БЕБАҲОИ ТАБИАТ

Боғу роғу хуррамӣ аз об шуд,
Зиндагӣ андар замин обод шуд.
Яке аз унсурҳое, ки асоси мавҷудият ва пойдории ҳаёт дар рӯйи Замин аст, об мебошад. Об сарвати бузургест, ки аз он инсоният дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ истифода мебарад. Мо шукргузорӣ аз он менамоем, ки Ватани азизамон — Тоҷикистон аз лиҳози захираи об дар байни дигар кишварҳо дар мавқеи аввал қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти роҳбариашон барои ҳифзи захираҳои об ва тоза нигоҳ доштану самаранок истифода бурдани он ба якчанд иқдоми наҷиб даст заданд. Аз ҷумла, дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ вобаста ба аҳаммияти истифодаи оқилонаи об пешниҳодҳое намудаанд, ки аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфтанд. Дар ин замина соли 2003 Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи амалиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд.
Тоҷикистон давоми ду даҳсола аст, ки бо иқдомҳои созандаи Пешвои миллат дар самти ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон нақши асосӣ мегузорад. Пешниҳодҳои Сарвари кишвари мо, пеш аз ҳама, ба некуаҳволии халқҳои тамоми сайёра равона шудаанд ва хусусияти халқпарваронаю хайрхоҳона доранд ва ба ҳалли бисёр мушкилоти глобалӣ мусоидат мекунанд. Ҳоло дар пешорӯи башарият ҳодисаҳову рӯйдодҳои табиию экологию иқлимии зиёде вуҷуд доранд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардаанд.
Имрӯз бисёр ба вуқуъ омадани хушксолиҳо, обшавии пиряхҳо, биёбоншавӣ ва норасоии об аз мушкилоти асосии мардум дар акскар манотиқи олам ба ҳисоб мераванд ва солҳои охир аҳли сайёраро бештар нигарон кардаанд. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ҷалби диққати ҳамагон ба мушкилоти вобаста ба об гардиданд. Бисёр тадбирҳо аз ин хусус ба рӯзномаи Ҳадафҳои рушди устувор ворид гардиданд. Вақт ва воқеият собит намуд, ки пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи зиндагии пурсаодати аҳолии сайёра муҳиманд. Мушкилоти рӯзмаррае ҳастанд, ки имрӯз ҳалли онҳо фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли башарро тақозо менамояд. Маҳз ҳамин мушкилот кишвари моро водор намуд, то таваҷҷуҳи сокинони сайёраро ба пешгирии паёмадҳои нохуши ин ҳодисот равона карда, роҳбарони давлатҳо ва пешвоёни сиёсиро ба саҳнаи муколама даъват намоянд. Танҳо аз солҳои 2000-ум то инҷониб 5 ташаббуси Сарвари хирадманди Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои узви СММ пуштибонӣ ёфта, қатъномаҳои СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардиданд. Дар тамоми чорабиниҳои байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили марбут ба обу иқлим мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд. Ҳамзамон, чанд маротиба иқдомҳои созандаи Роҳбари давлати тоҷикон ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳам овард. Шаҳри Душанбе мизбони бонуфузтарин конфронсҳои байналмилалӣ гардид. Ин ташаббусҳо танҳо ба хотири эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд. Имрӯз тамоми инсонияти кураи Замин дарк карда, ки ин ташаббусҳо барои эмин нигоҳ доштану ҳифз намудани саломатии инсоният дар тамоми минтақаҳост ва таъминоту дастрасии мардуми ҷаҳон ба оби тозаю ошомиданӣ мебошад. Ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешгирии хавфу хатар дар шароити дигаргуншавии иқлим, мутобиқшавӣ ба равандит кунунии табиат дар доираи иқтисоди сабз, пешгирӣ кардани мушкилоти норасоии об дар олам ва таъмини ҳаёти пурсаодат барои сайёра равона шудааст. Ҳар фардро зарур аст, ки баҳри поку беолоиш нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳои табиат кӯшиш ба харҷ диҳад, барои самаранок истифода бурдани он талош варзад. Ба қадри ҳар як қатраи об бояд расем ва нагузорем, ки он беҳуда масраф шавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ташнаро як қатра об аз ганҷи дунё беҳтар аст».
Анӯшервон СОДИҚОВ,
омӯзгори МТМУ №20-и
ноҳияи Айнӣ