СОЗМОНИ ХОНАНДАГОН

Фаъолияти Созмони хонандагон дар тарбия ва ташаккули шахсияти хонандагон мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Мақсади асосии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиш ва эҳтироми таъриху фарҳанги миллию башарӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи созишҳои Истиқлоли давлатӣ ва ба ин васила, ташаккули шахсият ва шаҳрванди фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Яке аз роҳҳои ҷалби насли наврасу ҷавонон ба омӯзиш ва ҷилавгирии онҳо аз бекоргардӣ, фаъолияти хуби муассисаҳои таҳсилоти иловагист.
Баҳри такмили корҳои тарбиявӣ, инчунин, бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил кардани насли наврас, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, интихоби бошууронаи касб, тайёрӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шомил гардидан ба иттифоқи ҷавонон ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ, омодагӣ ба ҳаёти мустақилона, имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони хонандагон дар се зина — “Ахтарон”, “Ворисони Сомониён” ва “Сомониён” фаъолият дорад ва дорои нишон, парчам, суруд ва шиор мебошад.
Нақши роҳбари Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар азхудкунии фанҳои таълимӣ ва беҳдошти сифати таҳсилот хеле баланд буда, роҳбари муассисаи таълимиро зарур аст, ки дар вақти ҷобаҷогузории кадрҳо ва таъйин намудани роҳбари Созмони хонандагони муассиса диққати махсус зоҳир намояд.
Ман ду сол боз дар мақоми роҳбари Созмони хонандагони муассиса кор ва фаъолият дорам
Вазифаи аввалиндараҷаи ман дар руҳияи ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, хештаншиносӣ тарбия намудани хонандагон мебошад. Дар ин ду соли фаъолият мо ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштем, аз ҷумла, дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, вилоятиву ноҳиявӣ, инчунин, дар маҳфилҳои эҷодию ҳунарӣ ва варзишӣ ба комёбиҳо мушарраф гардидем.
Асмовиддини ЗАЙНУЛЛО,
роҳбари Созмони хонандагони
МТМУ №8-и ноҳияи Данғара