ОМӮЗИШ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Забонҳои хориҷӣ, хусусан, забонҳои русиву англисӣ дар раванди ҷаҳонишавии ҷомеа нақши мондагор доранд ва аз ин ҷиҳат моро водор мекунанд, ки ҳар чи бештар ба омӯзиши ин забонҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Бояд дар назар дошт, ки донистани ин забонҳо моро барои рушди кишвари худ, аз ҷумла, соҳаҳои саноати кунонӣ, энергетика, озуқаворӣ бештар муваффақ мегардонад. Чунки барои рушди ин соҳаҳо ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ба мо мутахассисони забондон лозиманд. Ташкилу баргузории дарсҳо бо усулҳои фаъол дар нимгурӯҳҳо, ба роҳ мондани маҳфилҳои забономӯзӣ аз омилҳоеанд, ки моро дар ин самт муваффақ гардонда метавонанд. Барои расидан ба мақсад ба мо барномаҳои хуби таълимӣ ва китобҳои созгор ба талаби замони муосири дарсӣ даркоранд. Бешубҳа, луғатомӯзӣ аз беҳтарин воситаҳои дастрасӣ ба забономӯзӣ маҳсуб меёбад. Вазорати маориф ва илм бо ин мақсад ба кулли хонандагону донишомӯзон рӯйхати луғатҳоро пешниҳод кард, ки омӯхтану аз худ кардани он бар суди ҳар шахс аст. Маълум аст, ки аз худ кардани ин ва дигар луғатҳо дар баланд бардоштани савияи забондонӣ, инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии шогирдон нақши муҳим мебозанд.
Мавриди зикр аст, ки дар радифи Барномаи давлатӣ, тадбирҳои гуногун дар кишвар рӯйи даст гирифта мешаванд. Ташкилу баргузории озмунҳои гуногун миёни донишомӯзону мутахассисон аз ҷумлаи чунин тадбирҳоянд.
Ман чун омӯзгор кӯшиш мекунам, дар забондон гардидани шогирдонам аз роҳу усулҳои гуногуни интерактивӣ истифода барам. Барои хуб ёд гирифтан ба шогирдон азёди порчаҳои насриву назмӣ, эҷоди иншоҳои хурд, ташкили мусоҳиба ва озмуни луғатдониро тавсия медиҳам.
Шаҳло ЛОИҚОВА,
омӯзгори МТМУ №107,
ноҳияи Шоҳмансур