барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи марказӣ
1. Мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1825,25 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2.Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1352,90 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
3.Мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1352,90 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмдар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
1.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1220,70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1013,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд
1.Мутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 962,8 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон
1.Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1427,6 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2.Мутахассиси пешбар – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
3.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор
1.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,2 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт
1.Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1294,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талаботи тахассусӣбарои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;
– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;
– маълумотнома оид ба доғи судӣ;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);
– нусхаи маъмотнома дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;
– маълумотнома (справкаобъективка) бо акси ранга.
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Садриддин Айнӣ 126, шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ (Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ошёнаи 3), телефон 2258328, 2258332.
Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз 21 рӯзи нашри озмун дар бораи гузаронидани озмун.