11 МАРТ — РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Аҳли қалами тоҷик 11-уми марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои шариф» чоп карданд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимми фарҳангиву таърихии мардуми мо дар сад соли гузашта маҳсуб мешавад. Барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳм гирифтанд.
***
Агар ба сайри таърихии матбуоти тоҷик назар андозем, онро метавон ба се марҳала – давраи пеш аз инқилоб, даврони Шуравӣ ва замони истиқлол ҷудо намуд. Бояд гуфт, ки матбуот дар ҷумҳурии мо дар ин давраҳои таърихӣ, аз ҷумла, дар замони Шуравӣ ба таври назаррас рушд кардааст. Воситаҳои ахбори омма махсусан дар самти инъикоси масъалаҳои вобаста ба бунёди иншооту сохтмонҳои азим, ташкили ҳаёти нав ва масоили адабиву фарҳангӣ нақши созанда ва пешоҳанг доштанд. Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт.
***
Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори омма на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус, амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд.
Эмомалӣ РАҲМОН