БАРНОМАИ АМАЛИ ИМРӮЗУ ФАРДО

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои мо, тамоми мардуми сарбаланди тоҷик, барномаи амалест, ки дар он раванди иҷрои вазифаҳои қаблан тарҳрезигардида ва нақшаву реҷаҳо барои соли равону солҳои баъдӣ таҳлилу баррасӣ мешаванд.
Пешвои миллат дар оғози Паёми хеш (28.12.2023) иброз намуданд, ки соли 2023 ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар барои Тоҷикистон боз як соли бобарор гардид.
Сарвари давлат чун ҳамешагӣ рушди илму маорифро ҳамчун калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмини ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа арзёбӣ карда, ба он эътибори ҷиддӣ зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд. Соли 2023 аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардид.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин радабандӣ мамлакати мо дар байни 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.
Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон, ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо дорад. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, дастур доданд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.
Дар раванди амалисозии лоиҳа бошад, Пешвои миллат зарур шумориданд, ки муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад. Ҳамчунин, дастур доданд, ки ба масъалаҳои дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо мо – кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки сатҳу сифати таҳсилотро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳар чи бештар баланд бардорем. Вазъи ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор месозад, ки бо дилу нияти пок фаъолият намоем. Зеро дар радифи пешбурди бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои кишвари мо тарбияи насли навраси дорои ифтихори баланди миллӣ чун обу ҳаво зарур аст. Ҳаргиз фаромӯш накунем, ки яке аз сабабҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ паст будани сатҳи донишу маърифат ва ҷаҳонбинии онҳост. Мо, омӯзгорон, ҳамчунин, падару модарон, вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстии насли наврасро доиман тақвият бахшем.
Бояд зикр намуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат дастури амали имрӯзу фардо барои давлату миллати мо, тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, кормандони соҳаи маориф мебошад. Ҳар яки мо бояд онро гаштаю баргашта омӯзем ва дар роҳи амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат саъю талош намоем
Ҳакима АТАХОНОВА,
сардори раёсати маорифи
шаҳри Исфара