Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқиву пурдалел, дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда мебошад.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Пешвои маҳбуби миллат хотирнишон карданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи Парлумони мамлакат мебошад. Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст.
Масъалаи дигар, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши муҳим дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Ин иқдоми саривақтӣ мебошад, зеро давлат ҳамон вақт пеш меравад, ки мардумаш соҳибмаърифат бошад, аз ҷумла, маърифати ҳуқуқӣ дошта бошад. Дар ҳамон вақт сатҳи содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа коҳиш меёбад. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ нақши соҳаи маориф аввалиндараҷа мебошад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат чун ҳарвақта соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки кишвар ҳисобиданд. Имрӯз Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.
Ҳамаи мо имрӯз вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул бошем ва дар атрофи Сарвари давлат муттаҳиду сарҷамъ шуда, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем, зеро давлате, ки муттаҳиду сарҷамъ ва бомаърифат аст, ягон мушкилӣ онро пароканда карда наметавонад.
Фарида МАННОНОВА,
ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносии ДИСДДТТ
