НУФУЗИ ДОНИШГОҲ МЕАФЗОЯД

Дар оғози нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода, ки аз сиёсатмадорону олимони варзидаи кишвар буда, ба тозагӣ ба ин вазифа таъйин шудааст, аҳли нишастро ба ифтихори ҷашни Сада ва ғалабаи дастаи футболи Тоҷикистон дар даври ҳаштякфиналии Ҷоми Осиё ба дастаи тавоною ботаҷрибаи Аморати Муттаҳидаи Араб табрик гуфт. Ректор пешниҳод кард, ки ба хотири бештар ҳадафмандонаю фарогир ва судманд ҷараён ёфтани нишасти матбуотӣ он пурра ба тариқи саволу ҷавоб баргузор шавад. Ба ин гуна, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон пайдо карданд, ки ба теъдоди бештари саволҳои худ посух пайдо намоянд. Рӯзноманигорон асосан ба масоили марбут ба сатҳу сифати таълиму тарбия, фаъолияти илмии устодон, такмили шароити таҳсили донишҷӯён, дараҷаи иҷрои нақшаи қабул, аккредитатсияи байналмилалии донишгоҳ, вазъи корҳо дар парки технологӣ, робитаҳои хориҷӣ, роҳандозии таҳсил бо ихтисосҳои нав, ҳолати забономӯзии шогирдон, таъмин бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, корбасти технологияҳои муосири таҳсилотӣ, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ватанию хориҷӣ… таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ба саволҳои намояндагони ВАО ректори донишгоҳ ва муовинони ӯ ҷавоб доданд. Зикр гардид, ки соли 2023 барои Донишгоҳи миллӣ хеле хотирмону пурбор ва нишотбахш буд. Дар давоми ин соли бафайз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба ба донишгоҳ ташриф оварданд. Зимни ташрифи аввал Сарвари кишвар бинои нави литсейи равияи табиию риёзии назди донишгоҳро ифтитоҳ бахшиданд. Дар доираи ташрифи дуюми худ ба донишгоҳ Пешвои миллат дар «Шаҳраки донишҷӯён»­и донишгоҳ Маҷмааи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва низ бо лоиҳаи бунёди Маркази саломатӣ, таваққуфгоҳ барои 400 мошин ва бинои истиқоматӣ барои устодону кормандони донишгоҳ шинос шуданд. Соли 2023 75­солагии донишгоҳ дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Дар поёни нишасти матбуотӣ ректор иброз дошт, ки минбаъд аҳли донишгоҳ барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи миллат – 35­солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. Ректор аз намояндагони ВАО хоҳиш кард, ки бо донишгоҳ робитаи бештар судманду фаъол дошта бошанд.
А. МУРОДӢ,
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»