АНДАРЗ НЕРУИ ТАРБИЯТГАР АСТ

Бардошт аз китоби «Андарзнома»-и профессор Саймумин Ятимов
Маҳз тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, меҳанпарастӣ, шуҷоату ҷавонмардӣ ва рафтору гуфтори нек яке аз ҳадафҳои мураттиби китоби тозанашри «Андарзнома» — доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов мебошад.
Китоби мазкур маҷмуи зарбулмасал, мақол, шеър ва суханҳои пандомӯзро аз эҷодиёти бузургони миллию хориҷӣ фаро гирифта, арзиши баланди тарбиявӣ ва ангезабахширо дорост. Дар воқеъ, «суханҳои пандомӯз ҳамқадами ҳаёти инсонанд… Суханҳоеанд, ки аз имтиҳони муҳокима, муошират ва аз ҳама муҳим, амалияи ҳаёти башар гузаштаанд» («Андарзнома», саҳ. 4). Муаллиф гулчине аз чунин суханҳои созандаро дар тӯли фаъолияти омӯзишиву эҷодии хеш гирдоварӣ намуда, бо ҳадафи ба хидмати дигарон вогузоштан дар шакли китоби алоҳида ба чоп расондааст. Онҳоро гурӯҳбандии соҳавиву забонӣ ва кори хонандаро дар омӯзиши мавзуъҳои алоҳида осон кардааст.
Суханҳои бузургон дар ростои ақлгароӣ ва хурофазудоӣ дар китоби мавриди назари мо хеле зиёд оварда шудаанд, ки хонандаро ба андеша кардан ва дуруст шинохтани равандҳо дар ҷаҳони имрӯз ва гузашта водор мекунанд.
Мураттиб дар мавриде аз забони Саъдии бузургвор ҳикматеро бозгӯ мекунад, ки бо вазъу ҳоли фикрию маънавии имрӯзӣ хеле ҳамоҳангӣ дорад:
Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
Ин ҷо низ масъалаи хизмат ба халқу Ватан аз тариқи дар амал татбиқ кардани донишҳои андӯхта мадди назар қарор мегирад. Мунтаҳо, дар замоне ки ҷаҳон ба сӯйи илму технологияҳои навин рафта истодааст, масъулияти донишмандону пажуҳишгарони миллӣ ва умуман, онҳое, ки ин соҳаро сарпарастию назорат мекунанд, дучанд зиёд шудааст. Чандин ниҳод бояд дар ҳамоҳангӣ ва бо як масъулиятшиносии баланд фаъолияти худро ба роҳ монанд, то ки натиҷаҳои фаъолияти илмии ниҳодҳои пажуҳишӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гарданд ва ба давлату миллат манфиат биёранд.
Чун мураттиби китоб аз фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ хуб огоҳ аст ва дар ин замина бардоштҳои зиёде дорад, дар маҷмуа ҳикмату андарзҳои файласуфону мутафаккирони халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳониро ҷо додааст. Дар ин шумул ба ҳикмати файласуфи қадимаи чинӣ Лао Тсзи таваҷҷуҳ мекунем:
«Ақл ягона воситаи хушбахтӣ аст».
Бале, ақлу хирадгароӣ аст, ки инсониятро ба сӯйи созандагӣ ва инсондӯстиву накукорӣ ҳидоят мекунад. Накукорӣ бо такя ба дирояту фазилат беҳтарин вижагии инсоният аст. Танҳо инсони офаранда ва хирадгаро метавонад арзиши аслии инсон ва ҳаёту ҳуқуқҳои ӯро дуруст арзёбӣ кунад ва барои манфиати ҳамагонӣ даст ба амалҳои неки холисона занад. Офарандагӣ дар ҷаҳони имрӯз бе илму фан намешавад ва мураттиб аз забони Муҳаммад Иқбол намунаи ҷолибе меоварад:
Қуввати Мағриб дар илму фан аст
В-аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.
Эҳтироми меҳан аз эҳтиром ба арзишҳои он оғоз мешавад. Забон низ яке аз арзишҳои миллӣ мебошад, ки ҳифзу ҳимояи он вазифаи ҳар як ватандори баномус аст. Барои таъкиди арзиши забони модарӣ мураттиби китоб аз забони Лоиқ Шералӣ овардааст:
Бок не, гар доварӣ гум кардааст,
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Хулоса, маҷмуаи тартибдодаи доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов зери унвони «Андарзнома» як дастури хуб барои тарбияи ватандӯстӣ ва ҷасорат, тарғиби сифатҳои неки инсонӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳамчунин, як воситаи ангезабахшӣ барои ҷавонон мебошад.

Меҳр СОБИРИЁН,
Пажуҳишгар