Тарбияи хонандагон дар руҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар яки мо, омӯзгорон, аст. Вобаста ба ин, дар қатори омилҳои дигар дар дарсҳои тарбиявӣ таҳлили ашъори шоиронро метавонем мавриди таваҷҷуҳи шогирдон қарор диҳем, ки амале хеле муассир ва судманд хоҳад буд. Шеъри адиб ва рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ «Парафшон бод доим парчами мо», ки қаблан азёд кардани онро ба шогирдон тавсия дода будем, ин маротиб диққати моро ҷалб намуд. Дар соати навбатӣ, ки ба таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ бахшида шуд, мо қироати ин шеърро аз хонандагон пурсон шудем. Сипас, ба гурӯҳҳо ҳар қитъаи онро тақсим кардем. Фаҳмондем, ки гурӯҳҳо метавонанд мулоҳизоти худро оид ба мазмуни шеър аввал хаттӣ, баъд шифоҳӣ пешниҳод намоянд. Инак, андешаҳои шогирдонро манзури шумо мегардонем.
Гурӯҳи 1:
Нишони сарфарозиҳои тоҷик,
Шукӯҳи мулки беҳамтои тоҷик.
Бувад ҳар ҷилвааш чун ҷилваи бахт,
Баландияш – қади болои тоҷик.
Дар ин қитъаи шеър шоир парчамро чун нишони ифтихору сарбаландии миллат арзёбӣ кардааст. Тасвири шоир дар парафшонии он хеле ҷолиб мебошад. Ҳар ҷилваи парчам ба бахту саодати миллат тавъам ва баландии парчам далели ифтихору тавоноии тоҷикон дониста шудааст. Ин маъниро баъди ҳар қитъа шоир дар нақароти шеър тақвият дода, ҳамеша парафшону гулафшон будани ин рамзи миллиро таманно мекунад:
Парафшон бод доим Парчами мо,
Гулафшон бод доим олами мо!
Гурӯҳи 2:
Ҳидоятгар бувад бар сӯи фардо,
Ба фардои дурахшону шукуфо.
Хирад аз шавкаташ рамзе бихонад:
Зафармандию шодӣ, дасти боло.
Нақарот
Дар ин қисмат шоир оид ба раҳнамоии парчам ба ояндаи нек бо эътимод ҳарф мезанад. Ба таъкиди ӯ, дар шавкату шукӯҳи парчам пирӯзию нишот ва ғолибиятро хондан мумкин аст. Эҳсоси баланди ифтихор аз парчам аст, ки варзишгарону хонандагони мо берун аз кишвар Парчами давлатро баланд мебардоранд.
Гурӯҳи 3:
Далели шуҳрату иқбол бошад,
Ба парвози баланде бол бошад.
Бубинӣ дар фарози Қасри миллат –
Шукӯҳафзои Истиқлол бошад.
Нақарот
Аз нигоҳи шоир, парчам нишони эътибору обрӯ буда, дар парвозҳои маънавӣ чун бол хидмат мекунад. Будани он дар болои Қасри миллат шукӯҳи истиқлоли моро баландтар мегардонад, аз безаволию пойдории давлат паём мерасонад.
Гурӯҳи 4:
Ҳамеша раҳнамои мо бимонад,
Паёмовар, шарафафзо бимонад.
Чу тимсоли бақои Тоҷикистон
Парафшон дар баландиҳо бимонад.
Нақарот
Шоир бо боварӣ иброз медорад, ки парчам раҳнамои ҳамешагии мо, муждарасон аз пирӯзиҳо ва омили баланд бардоштани обрӯву эътибори миллату давлати мост. Аз ин рӯ, он ҳамеша дар баландӣ ҷо мегирад. Баландӣ рамзи пирӯзӣ ва ҳувияти миллист.
Мо дар дарси тарбиявӣ ба таҳлили хаттии ин шеър низ пардохта, ба нутқи хаттии хонандагон баҳо медиҳем, фаъолияти фикрии онҳо то куҷост, муайян карда, тариқи муҳокима ва андешаронии онҳоро тақвият мебахшем. Вақте таҳлили худро хонандагон шифоҳӣ ифода мекунанд, дараҷаи тавоноӣ ва маҳорати сухандонии онҳоро ошкор мекунем. Дар ниҳоят, ба бачаҳо маслиҳатҳо дода, онҳоро водор мекунем, ки дар баёни фикр ҳамеша ба дарки дурусти маънӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Моҳтоб АЗИЗОВА,
омӯзгори мактаби №30-и
ноҳияи Фирдавсӣ