РОҲБАРИ ОҚИЛ ВА ОЛИМИ ТАВОНО

5 декабр дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров — бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик» баргузор гардид.
Кори ҳамоиши сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ бахшид. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ходими номдори давлативу сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров самимона табрик гуфтанд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми аллома Бобоҷон Ғафуровро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ бисёр муассир арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.
Бинобар ин, барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба Бобоҷон Ғафуров 8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти мамлакат унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин чорабинии сатҳи баландро нишонаи олии қадршиносии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзандаи Бобоҷон Ғафуров дар назди халқу давлати тоҷик арзёбӣ карда, зимни суханронии пурмуҳтаво оид ба ҳаёти ибратомӯз ва фаъолияти самаранокаш дар роҳи муаррифии мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик дар арсаи олам андешаронӣ намуданд.
Президенти мамлакат, муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар бораи аҳамияти шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки «Тоҷикон» асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст.
Баъди суханронии пурмуҳтавои Президенти мамлакат дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик» меҳмонони чорабинӣ, олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ Виталий Наумкин – академики Академияи илмҳои Россия, Сзин Сзэ – муовини директори Институти Аврупо, Россия ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои Чин, Ҳасан Булхорӣ – устоди Донишгоҳи Теҳрон, Франсис Ришар — шарқшинос аз Франсия, Навшоҳи Ориф – доктори илми таърих аз Ҷумҳурии Исломии Покистон, Иброҳим Истамбулӣ – тарҷумони арабии китоби «Тоҷикон» аз Сурия ва Давлатзода Шоираи Кароматулло — донишҷӯи курси чоруми факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» суханронӣ карда, дар бораи хизматҳои арзандаи аллома Бобоҷон Ғафуров дар роҳи рӯшан намудани таърих ва пайдоиши давлату миллати тоҷик ва қадршиносиҳои фарзандони фарзонаи миллат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карданд.
www.president.tj