МУЛОҚОТ БО АДИБОН

Дар мактаби муосири байналмилалии шаҳри Душанбе ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ дар сатҳи баланд ва бо иштироки фаъолонаи хонандагон таҷлил карда мешаванд. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имсол дар ин таълимгоҳ маҷмуи тадбирҳои фарҳангию маърифатӣ амалӣ карда шуданд. Ба ин муносибат дар радифи чорабиниҳои дигар вохӯрии хонандагон бо барандагони Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, адибон Абдурауф Муродӣ ва Шодӣ Раҷабзод (кормандони ҳафтаномаи «Омӯзгор») баргузор шуд. Адибон ба шогирдони таълимгоҳ оид ба корномаи хирадбору ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тантанаи сулҳу ваҳдат дар кишвар, ривоҷи бунёдкориҳо дар мамлакат, аҳаммияти ҳунару ҳунаромӯзӣ, хосияту шарофати китобхонӣ ва одобу рафтори ҳамида доштан ба таври муассиру ҷолиб ва бо истифода аз далелҳои фаровон сухан гуфтанд.
Дар поёни вохӯрӣ муовини директори мактаб Субҳия Зоҳидова ба адибон барои мулоқоти самимиашон бо хонандагон арзи сипос карда, иброз дошт, ки роҳбарияти таълимгоҳ тасмим гирифтааст, то дар оянда чунин вохӯриҳоро бо аҳли илму адаб ва бо сиёсатмадорони варзида бештар баргузор намояд.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»