РӮЗИ ШЕЪРИ БОЗОР СОБИР ДАР ДУШАНБЕ

Ба ифтихори 85-солагии шоири тавоно Бозор Собир дар дигар таълимгоҳҳою муассисаҳои адабию фарҳангии кишвар низ маҳфилҳои шукӯҳманд баргузор карда шуданд. Ба ин муносибат дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Бозор Собир гузошта шуд.
20.11.2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии шоири маъруфи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Бозор Собир маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Декани факултети филологияи донишгоҳ Сироҷиддини Эмомалӣ дар оғоз иброз дошт, ки маҳфили имрӯза ба зодрӯзи устод Бозор Собир бахшида мешавад ва мо онро «Рӯзи шеъри Бозор Собир» ном гузоштаем.
Сипас тариқи телевизиони саҳнавӣ порча аз барномаи телевизиони «Президенти мардумӣ» намоиш дода шуд, ки дар он мулоқоти Пешвои миллат бо шоири маҳбуб Бозор Собир ва андешаҳои ӯ дар боби ваҳдати миллӣ ҷой дошт.
Баъд аз тамошои ин барнома ректори ДМТ Қ.Хушвахтзода оид ба ҳаёт ва фаъо­лияти адабии Бозор Собир сухан ронда, ёдовар шуд, ки ин шоири тавоно хатмкардаи ДМТ мебошад.
Зикр гашт, ки барои хидматҳои бузургаш дар ривоҷу равнақи адабиёт ва саҳмаш дар ҳаёти ҷомеа соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Ситораи Президент, дараҷаи 3» мушарраф гардид.
Ректори донишгоҳ, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии шоир дар пояи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология ҳамасола рӯзи 20-уми ноябр маҳфили илмию адабии «Рӯзи шеъри Бозор Собир»-ро таъсис диҳад.
Дар идомаи маҳфил устоди факултети филологияи тоҷик, дотсент Боймурод Шарифзода дар боби шинохти шеъри Бозор Собир ва хотироташ аз ӯ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки шоир аз ибтидои солҳои ҳафтодуми садаи бистум то соли 2013 17 маҷмуаи ашъори худро пешкаши хонандагон кардааст. Тавре муҳаққиқону суханшиносон зикр кардаанд, шеърҳои «Тоҷикистон», «Забони модарӣ», «Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст», «Девори Бухоро», «Теғи Сино» ва бисёр шеърҳои дигараш бо нигоҳи тозаву амиқ, ваҷду эҳсоси шоирӣ ва меҳри ватандорию ҷасорати шаҳрвандӣ эҷод шуда, саҳифаҳои пурифтихору фоҷиавии таърихи миллати моро бозгӯ кардаанд ва дар тарбияи наслҳои гуногуни хонандагон дар руҳи худогоҳию худшиносӣ ва парвариши завқи суханфаҳмию шеърдонии онҳо мусоидат намудаанд.
Дар идомаи маҳфил ҳунарпеша Ортиқ Қодир шеъри «Забони тоҷикӣ»-и шоирро қироат намуд. Ҳамзамон, хоҳари шоири маҳбуб Б.Собирова аз хотироти бародараш қисса намуд.
Маҳфилро сурудҳо аз ашъори Бозор Собир дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон С. Билолов ва қироати шеърҳо аз ҷониби донишҷӯёни факултети филологияи ДМТ бештар хотирмон намуд.