Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол, ки дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе ба муносибати 66-умин солгарди Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳ Ҳабибов баргузор гардид, ҳашт дастаи футболи наврасони 10-12-соларо аз шаҳру навоҳии мамлакат ба ҳам овард. Он бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби махсуси захираҳои олимпии шаҳри Душанбе хотирмон сурат гирифта, дар тарғибу ташвиқи футбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон ва дар амал татбиқ намудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Баъди дар ду зергурӯҳ ба ҳам қувваозмоӣ намудан, бозии хотимавии мусобиқа байни дастаҳои вилояти Суғд (ноҳияи Ашт)-у Мактаби махсуси захираҳои олимпии шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1: 3 ба фоидаи наврасони пойтахт анҷом ёфта, ҷойҳои ифтихории баъдиро тимҳои шаҳру навоҳии тобеи мамлакат (ноҳияи Шаҳринав) ва шаҳраки Айнии ноҳияи Рӯдакӣ ишғол карданд. Ғолибону иштирокчиёни фаъол бо Ҷому ифтихорнома ва либосҳои варзишӣ қадрдонӣ гардиданд. Мусобиқа соли понздаҳум аст, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар доир мегардад ва ҳаводорони зиёд пайдо кардааст.
С. НУРБАХШ