????????????????????????????????????

ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНАҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

Бо мақсади аз наздик шинос шудан аз вазъи фаъолияти китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, мо аз китобхонаҳои муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб дидан намудем. Мушовири фонди китоби шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб И. Шарипов иброз дошт, ки дар соли хониши 2021-2022 ба шуъбаи маорифи шаҳр 89 725 нусха китоби дарсӣ ба маблағи 1 944 326 сомонӣ, маводи таълимӣ 2954 нусха бо маблағи 659 50 сомонӣ ва маводи методӣ 820 нусха ба таври ройгон ворид гардида, тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардидаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2023 норасоии китобҳои дарсӣ, тибқи дархости муассисаҳои таълимӣ 140560 нусхаро ташкил мекунад. Айни ҳол 110 ҳазор нусха китоби дарсӣ ба маблағи 2300565,21 сомонӣ ва 3362 нусха китоби бадеӣ ба таври ройгон ворид гардид.
Таъмини китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб то 15.09.2023 ба 86,6% мерасад. Бо ҳидояти мушовири фонди китоби шуъбаи маорифи шаҳр Исроил Шарипов аз вазъи фурӯш ва тақсимоти китобҳои дарсӣ ва бадеии китобхонаҳои муассисаҳои таълимии №№ 1, 3, 20, 34, 35 ва 51 аз наздик шинос шудем. Аз ҳолати китобҳои дарсӣ ва фаъолияти китобдори муассисаи таълимии №1-и шаҳри Кӯлоб иттилоъ пайдо кардем. Китобдори муассиса М. Рустамова ба вазъи нигоҳубини китобҳои дарсӣ ва бадеӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар ҳақиқат, бинои китобхона калону барҳаво буда, китобҳо бо тартиби синфҳо дар рафҳои китобмонӣ ҷо ба ҷо гузошта шудааст. Муассиса толори китобхонии муҷаҳҳаз бо компютер дорад. Аз соли 2020 то имрӯз фонди умумии китобҳои дарсӣ ва бадеӣ 52 724 ададро ташкил мекунад, ки аз ин шумора 6300 ададаш китоби бадеӣ мебошад. Дар соли хониши 2022-2023 маблағи умумии иҷораи китобҳои дарсӣ 30%-ро ташкил мекунад. Муассиса аз маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз солҳои қаблӣ қарздор нест. Аз ҳисоби маблағҳои муассиса 410 адад китоби нави бадеӣ харидорӣ шудааст. Бояд қайд намуд, ки имрӯз сафи аъзои китобхона аз ҳисоби омӯзгорони муассиса хеле кам аст. Аз 143 нафар омӯзгори муассиса 64 нафарашон узви доимии китобхонаи мактабӣ мебошанд. Шумораи аъзои китобхона аз ҳисоби хонандагон ба 700 нафар расида, дар муқоиса ба шумораи 2402 хонанда қиёснопазир аст. Мушкилоти норасоии китобҳои бадеӣ дархости хонандагони муассисаро қонеъ карда наметавонад.
Муассисаи таълимии № 51 яке аз муассисаҳои калонтарини шаҳр маҳсуб меёбад. Директори муассиса моро бо вазъи китобхона шинос намуд. Шумораи умумии китобҳои дарсӣ 28 581 ададро ташкил мекард, ки аз ин шумора 3253 нусхааш китоби бадеӣ мебошад. Дар соли хониши 2022-2023 аз шуъбаи маорифи шаҳр 6866 нусха китоби дарсӣ ворид карда шудааст. Тибқи варақаи хониши хонанда, 800 нафар хонанда ва 50 нафар омӯзгор аъзои доимии китобхона мебошанд.
Китобдори муассиса аз норасоии китобҳои бадеӣ ва дарсӣ изҳори нигаронӣ намуд. Аъзои фаъоли китобхона, хонандагони синфи 10 М. Ҳасанова ва синфи 5 Ш. Ҳасанова дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Китобхони беҳтарин» дар вилояту ҷумҳурӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои 1-ум ва 2-юм гардиданд.
Ҳолат ва нигоҳдории китобҳои дарсӣ ва бадеӣ дар китобхонаи муассисаи таълимии №3 дар сатҳи хуб қарор дорад. Фонди умумии китобҳои дарсӣ ва бадеӣ дар соли 2023 7898 нусха мерасад, ки аз ин 1625 нусхаашро китобҳои бадеӣ ташкил мекунад. Китобдори мактаб Қ. Талбов тамоми шароитҳои заруриро барои хонандагон муҳайё намудааст. Дар соли хониши 2022-2023 шумораи аъзои китобхона аз ҳисоби хонандагон 630 нафар ва аз ҳисоби омӯзгорон 60 нафар мебошад. Узви фаъоли китобхона, хонандаи синфи 9 Р. Назарова дар даври вилоятии дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат варзида, сазовори ҷойи 3-юм гардидааст.
Дар муассисаи таълимии №34 мудири китобхона Ҷ. Носиров иброз дошт, ки фонди умумии китобҳои дарсӣ ва бадеӣ 3571 нусха буда, маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ 38147 сомониро ташкил мекунад, ки то имрӯз 27900 сомонӣ пардохт карда шудааст. Дар соли хониши 2022-2023 шумораи аъзои китобхона аз ҳисоби хонандагон 620 нафар ва аз ҳисоби омӯзгорон 30 нафар мебошад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»