ҲАЗАР АЗ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Терроризм ва экстремизм – хатар ба амнияти инсоният» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ баргузор шуд. Дар конференсия олимону донишмандон ва роҳбарону намояндагони муассисаҳои илмиву таълимӣ ва мақомоти қудратӣ иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода иброз дошт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Зимни маърӯзаҳо зикр шуд, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад.
Аҳли ҳамоиш навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зидди ҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноятӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки аз ҳама бештар терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст.
Ба конфронс беш аз 130 мақола аз ҷониби олимону коршиносон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва хориҷи кишвар ирсол гардидааст, ки дар шакли маҷмуа нашр хоҳанд шуд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
Сино ҒАФУРӢ