«КАРИМИ ШИШ»

Романи нави нависанда Зариф Ғулом «Карими Шиш» дар шакли китоби алоҳида пешниҳоди хонандагон гардид. Қаҳрамони роман ҳофизи хушсадо, ки дар байни сокинони ноҳияи Кангурт (ҳоло ноҳияи Темурмалик) бо исми Карими Шиш маъруф асту ному насаби аслияш Абдукарим Ёри Кангуртӣ мебошад, ба шумор меравад. Муаллиф дар сарсухани китоб, аз ҷумла, меорад:
«Романи «Карими Шиш» ҳаҷман хурд бошад ҳам, мазмуни баланд дорад. Он воқеаю ҳодисаҳои се даҳсолаи аввали асри ХХ-ро дар бар мегирад. Ҷуғрофияи асар низ фарох буда, ҳодисаю воқеа ва рӯйдодҳои дар мулку вилоятҳои Тоҷикистону Афғонистон рухдода дар он тасвир ёфтаанд. Дар асар қаҳрамонҳои мусбату манфӣ ва шахсони таърихӣ, аз қабили шоир ва мутафаккир Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, шоир Сайдалӣ Вализода, ҳунарманди халқӣ Акашариф Ҷӯраев ва беки бераҳму золими Балҷувон Раҳимбий иштирок мекунанд».
Бояд таъкид кард, ки саргузашти пурмоҷарои қаҳрамони асар, азобу машаққатҳои кашидаи ӯ, ба дасти босмачиён афтодану бо роҳҳои зиёд раҳо ёфтанаш ва ниҳоят, дар фарҷом бо дасисаю иғвои душманон дар соли 1937 ба қатл расидани ин ҳофизи маъруфи мардумӣ дар роман боварибахш ва ҷолиб тасвир шудааст.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»