«САФИНАИ БАҲРОМ»

Баҳром Мирсаидов донишманди пуркору серғайрат буда, дар баробари корҳои илмӣ–пажуҳишӣ ба эҷоди шеър низ машғул мешавад. Чанде қабл аз тариқи нашриёти «Ношир» китоби ашъори ӯ бо номи «Сафинаи Баҳром» аз чоп баромад, ки аз қисматҳои «Боргоҳи муҳаббат», «Зӯри дунё» (дар ситоиши маърифати модар ва зан), «Амвоҷи тараннум», «Шаҳомати ғазал», «Аз дафтари «Тафсири ишқ», рубоиёту дубайтиҳо ва ғайра иборат мебошад. Дар пешгуфтори китоб, дар хусуси сабку услуби эҷодии муаллиф, аз ҷумла, нигошта шудааст:
«Сафинаи Баҳром» маҷмуаи нахустини ашъори шоиру муҳаққиқ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Баҳром Мирсаид (Баҳром Мирсаидов) буда, шомили шеъру ғазалҳо, рубоиву дубайтиҳо, муфрадот ва дигар анвои назми ғиноист. Китоб баёнгари тафаккури бадеии суханвар ва бозёфтҳои шоиронаи ӯ ба шумор рафта, муаллиф тавассути ашъори дилангези худ меҳру ихлоси саршорашро ба Ватан, Модар, дӯстию рафоқат, ишқу садоқат, покиву ростӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ, ҳофизаи таърихӣ ва дигар паҳлуҳои ҷаҳони маънавии башарият ифода намудааст».
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»