КАФИЛИ САОДАТИ МАРДУМ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсози давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи тоҷикон маҳсуб меёбад ва ба қатори даҳгонаи беҳтарин конститутсияҳои кишварҳои олам дохил шудааст. Ба ибораи дигар, ҳар халқ ҳамон конститутсияеро дорад, ки ба он сазовор аст ва халқи тоҷикро бахту саодати бузурге насиб гардид, ки соҳиби чунин конститутсия бошад.
Он барои ҳифзи истиқлоли миллӣ, аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун намудани ҷомеа, барқарор кардани сохторҳои давлатӣ, бо амнияти миллӣ таъмин намудани миллати тоҷик, ба роҳ андохтани тартиботи ҷамъиятӣ, баргардонидани гурезаҳо ба ватани азиз ва мустаҳкам гардонидани заминаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат шароити мусоиди ҳуқуқиро пайдо намуд. Чунин амал имкон дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сафи давлатҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёди ҷаҳони муосир ворид гардад.
Ин санади муҳимми ҳуқуқӣ бояд мавриди омӯзиши тамоми ҷомеа қарор дода шавад. Аз ҷумла, устодону донишҷӯёни донишкадаҳо, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳ­силот, муассисаву корхонаҳо насли ҷавонро дар руҳияи эҳтиром ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия намуда, волоияти қонунро таъмин созем.
Ба таъкиди Роҳбари давлат: «танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обруву эътибор мегардад, ки конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя кунад, танҳо ҳамон давлат нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш, сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд».
Эълони Истиқлоли давлатӣ ва ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид гардидани Тоҷикистон зарурати таҳия ва қабули конститутсияи нави Тоҷикистонро ба миён овард, зеро таъмини Истиқлолияти давлатӣ ва рушди бомароми кишвар бидуни Конститутсияи нав ғайриимкон буд.
Дар шароити имрӯза нақш ва аҳамияти ҳама гуна конститутсия дар рушди ҷомеа ниҳоят назаррас мебошад, зеро он муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим дароварда, заминаи асосии ташаккули давлатдории миллиро таъмин менамоянд.
Муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ, ки бо конститутсия ба танзим дароварда мешаванд, дар навбати худ моҳияти ин ҳуҷҷатро муайян менамоянд. Масалан, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ аз ҳамин ҷумлаанд.

М. АБДУЛЛОЕВА,
корманди АМИТ