АЗ ТАЪРИХИ КОНСТИТУТСИЯҲО

КОНСТИТУТСИЯ ВА ҶАНГ
Ягона Конститутсияе, ки дар он қарори аз ҷанг даст кашидани кишвар ба таври расмӣ сабт шудааст, Конститутсияи Япония мебошад. Дар он сабаби рад кардани ҷанг шикаст хӯрдани давлати Япония дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон маънидод гардидааст.
***
«ДЕМОКРАТИЯ» НЕСТ
Куҳантарин Конститутсияи то ҳол амалкунандаи ҷаҳон, ки 220 сол пеш аз ин қабул гардидааст, Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Ин конститутсия аз 4, 4 ҳазор калима иборат буда, ба он то ин дам ҳамагӣ 27 тағйирот ворид карда шудааст. Аҷибаш ин, ки дар ягон ҷойи Конститутсияи ИМА калимаи «демократия» истифода нашудааст. Он, ҳамчунин, хурдтарин сарқонуни сайёра эътироф гардидааст.
***
КАЛОНТАРИН КОНСТИТУТСИЯ
Яке аз калонтарин конститутсияҳои амалкунандаи олам Қонуни асосии Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад. Конститутсияи Ҳиндустон аз 395 боб иборат буда, то ин дам ба он 500 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Конститутсияи мазкур аз 117 400 калима иборат буда, бо забоне навишта шудааст, ки на ҳама ба матни он сарфаҳм мераванд.
Фароҳамсоз
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»