ДАР МЕҲМОНИИ ОСОРХОНА

19 октябри соли равон дар доираи нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва нашрияҳои соҳавӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Аз ҷониби роҳбаладон ба меҳмонон сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд. Толорҳои намоишии шуъбаи табиат, шуъбаҳои таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин муаррифӣ гардиданд.
Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки тамошобинон бо табиати зебо, таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат, саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва дастовардҳои замони истиқлол шинос шаванд.
Шоистаи таъкид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва худогоҳию хештаншиносии қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон ҳамвора тадбирандешиҳо мекунанд ва дар ин самт дар Осорхонаи миллӣ толорҳои нав ифтитоҳ гардидаанд, ки дар онҳо ёдгориҳои арзишманди дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудаанд:
1. Намуна (имитатсияи)-и «Тахти Сангин» (ба ифтихори 2500-солагии ёдгории мазкур);
2. Толори «Мардумшиносӣ» бо фарогирии 1000 нигора;
3. Толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об ва ҳифзи пиряхҳо» – таҷассумгари талошҳои Пешвои миллат дар самти ҳалли масоили глобалӣ.
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»