МИНТАҚАИ КӮЛОБ: ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН ЧӢ ГУНА АСТ?

Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Ш. Шоҳинро аз наза гузарондем.
Тибқи маълумоти мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Н. Салимов, барои хариди маводи сӯзишворӣ ба миқдори 260 тонна ангишт, 380 м3 ҳезум ва 590 литр сӯзишвории дизелӣ дар сметаи хароҷотии муассисаҳои таълимии шаҳр 260 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Айни ҳол дар анборҳои муассисаҳои таълимии шаҳр то рӯзи 10.10.2023 84 (41%) тонна ангишт ва 380 м3 (100%) ҳезум ва 310 (52%) литр сӯзишвории дизелӣ мавҷуд мебошад. Бояд қайд намуд, ки муассисаҳои таълимӣ бо 447 бухорӣ дар мавсими зимистон гарм карда мешавад. Имрӯз аз 43 муассисаи таълимии дар деҳот ҷойгирбуда, танҳо 6 муассиса ва кӯдакистони №5 пурра бо ангишт таъминанд. Дар 42 муассисаи таълимии шаҳру деҳот то имрӯз ягон тонна маводи сӯзишворӣ захира нашудааст. Дар муассисаҳои таълимӣ ба андозаи 665 м2 шишабандии тирезаҳо ба итмом расонда шудааст. Дар шаҳр 25 муассисаи таълимӣ ва 9 кӯдакистон бо барқи озод пайваст буда, бо 1118 адад бухории барқӣ гарм карда мешаванд. Аз 29 муассисаи таълимӣ, ки бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд, айни замон 17 адад деги буғӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Ҳамасола дар мавсими зимистонгузаронӣ бинои муассисаҳои таълимии шаҳр, ки бо бухориҳои барқӣ гарм карда мешаванд, аз сабаби сари вақт пардохт накардани хидматрасонии барқӣ кормандони идораи барқи шаҳр муассисаҳои таълимиро бо барқ сари вақт таъмин намекунанд. Имсол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мушкилоти норасоии маблағи барқро бартараф намудааст.
Дар ноҳияи Восеъ барои сари вақт омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 бо роҳбарии мудири шуъбаи маориф ситоди фаврӣ таъсис дода шудааст. Барои зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли хониши 2023-2024 аз ҳисоби буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 347 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Айни ҳол 39 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои таълимӣ интиқол дода шудааст. Тибқи нақшаи шуъбаи маориф, имсол барои паси сар кардани фасли сармо муассисаҳои таълимии ноҳия ба 316 тонна ангишт, 1419 куб ҳезум ва 3908 литр сӯзишвории дизелӣ эҳтиёҷ доранд. Айни ҳол дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ то рӯзи 10.10.2023 316 (100%) тонна ангишт, 1419 м3 (100%) ҳезум ва 3908 (100%) литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Ҳамроҳи мудири шуъбаи маориф рафти омодагиҳо ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024-ро дар чанде аз муассисаҳои таълимӣ мушоҳида кардем. Маълум гардид, ки омӯзгорону кормандони хоҷагии муассисаҳои таълимӣ ба фасли зимистони имсола омодагии ҷиддӣ дидаанд. Тамоми тирезаҳои синфхонаҳо шишабандӣ шуда, маводи сӯзишворӣ, аз қабили ангишт, ҳезум ва сӯзшвории табиӣ дар анборҳо захира шудаанд.
Дар ноҳияи Фархор, тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Л. Мирализода иброз дошт, дар муассисаҳои таълимӣ тибқи нақша барои гузарондани фасли сармо 924 тонна ангишт, 782 м3 ҳезум ва 942 литр сӯзишвории дизелӣ зарур аст. То имрӯз ба муассисаҳои таълимии ноҳия 924 (100%) тонна ангишт, 782 м3 (100%) ҳезум дастрас гардидааст. Барои харидорӣ ва захира намудани сӯзишворӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 469 ҳазору 200 сомонӣ ҷудо гардида, то ин дам ба маблағи 469 ҳазору 200 сомонӣ маводи сӯзишворӣ харидорӣ шудааст. Аз 9 муассисаи таълимӣ, ки бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд, 1 адад дар ҳолати корношоямӣ қарор дорад. Аз ҳисоби ҷамоатҳои деҳот ба муассисаҳои таълимӣ ба миқдори 500 м3 ҳезум кумак карда шудааст.
Омодагӣ ба фасли зимистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нисбат ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб беҳтар ба роҳ монда шудааст. Аз суҳбат бо сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Собир Назирмадов бармеояд, бо мақсади омодагӣ ба фасли зимистон дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз аввали моҳи август шартномаи байни тарафҳо бо маъмурони кони ангишт баста шуда буданд. Тибқи нақшаи зимистонгузаронии имсола бояд муассисаҳои таълимии ноҳия бо 1085 тонна ангишт, 1085 м3 ҳезум ва 6600 литр сӯзишвории дизелӣ таъмин карда шаванд. То имрӯз муассисаҳои таълимии ноҳия ба 1085 (100%) тонна ангишт, 1000 м3 (92%) ҳезум ва 4000 (60,6%) литр сӯзишвории дизелӣ таъмин шудаанд. Барои харидорӣ ва захира намудани сӯзишворӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 770 528 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, то имрӯз ба 700 117 сомонӣ маводи сӯзишворӣ харидорӣ шудааст. Дар ноҳия 48 муассисаи таълимӣ бо барқи озод таъмин буда, аз 27 буғхонаи муассисаҳои таълимӣ 13 ададашон дар ҳолати корӣ ва 14 адад дар ҳолати корношоям қарор доранд.
Дар ноҳияи Муъминобод фасли зимистон сербориш ва хунуку тӯлонӣ меояд. Аз ин рӯ, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 омодагиҳои муассисаҳои таълимии ноҳия барвақттар оғоз мегардад. Сариқтисодчии шуъбаи маорифи ноҳия Д. Гиёев дар хусуси омодагиҳо ба фасли сармои имсола чунин гуфт:
— Аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи нақшаи зимистонгузаронии имсола барои харидорӣ намудани 120 тонна ангишт, 2167 куб ҳезум ва 2600 литр сӯзишвории дизелӣ 374 ҳазору 588 сомонӣ ҷудо шудааст. Айни ҳол то имрӯз 120 (100%) тонна ангишт, 2000 м3 (92,2%) ҳезум ва 380 (19,9%)литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Дар ноҳия 11 муассисаи таълимӣ бо барқи озод пайваст буда, 6 муассисаи таълимӣ тариқи буғхонаҳо гарм карда мешаванд, аз ин 1 адад дар ҳолати таъмирталаб қарор дорад. Тамоми тирезаҳои синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ шишабандӣ шудааст, ки 98%-ро ташкил мекунад. Барои гарм кардани синфхонаҳои таълимӣ 301 гармидиҳандаи барқӣ, 420 адад бухорӣ ва 1 адад генератори барқӣ мавриди истифода қарор доранд.
Дар ноҳияи Ш. Шоҳин рафти омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар ҳолати хуб ҷараён дорад. Тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Б. Давлатзода иброз дошт, дар ноҳия 61 адад муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки тибқи нақша ба 163 тонна ангишт, 2229 м3 ҳезум ва 2450 литр сӯзишвории дизелӣ эҳтиёҷ доранд. То ба имрӯз ба муассисаҳои таълимии ноҳия 163 (100%) тонна ангишт, 1875 м3 (84%) ҳезум ва 530 (21,6%) литр сӯзишвории дизелӣ дастрас шудааст. Барои харидорӣ ва захира намудани сӯзишворӣ дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 428 050 сомонӣ ҷудо гардида, то имрӯз аз маблағи ҷудогардида 265 700 сомонӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас шудааст. Дар ноҳия 59 муассисаи таълимӣ ва як кӯдакистон ба барқи озод пайваст буда, 10 муассисаи таълимӣ бо деги буғӣ гарм карда мешаванд.
Имрӯз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 пурра бо маводи сӯзишворӣ таъмин нашудаанд. Ҳоло ҳам вақт аст. Аз ин рӯ, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва директорони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ҷиҳати захираи ангишту ҳезум, сӯзишвории дизелӣ ва шишабандии муассисаҳои таълимӣ чораҳои амалӣ андешида, рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳро самаранок истифода баранд, то ин ки зимистонро бе ягон мушкилӣ паси сар карда тавонанд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»