ПЕШИ РАҲИ ТУ ВО БОД, ЭЙ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои Миллат,
Раҳҷӯи бахти халқӣ, эй раҳкушои Миллат.

Дастони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,
Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои Миллат.

Кам сарваре ба олам бо чораи фароҳам
Аз интиҳои Миллат ҷуст ибтидои Миллат.

Дар ҷону дил гирифтӣ аз сидқ дарди Миллат,
Гаштӣ табиби Миллат, кардӣ давои Миллат.

Аз бераҳӣ кашидӣ то огаҳӣ Ватанро,
Аз огаҳии Миллат ҷустӣ бақои Миллат.

Киштинишаста Миллат омад ба соҳил охир,
То аз Худо расидӣ, эй нохудои Миллат.

Ҳар бенавои қисмат аз ту навои дил ёфт,
Оҳанги бахт бинмуд, шуд ҳамнавои Миллат.

Бо чеҳраи кушода, бо ҳиммати зиёда
Бурдӣ ба рӯи дунё нуру сафои Миллат.

Бинмудаӣ ба олам симои дилкашашро,
То минбари ҷаҳонӣ бурдӣ садои Миллат.

Байни ҳазор миллат дар дидаҳо ҳувайдост
Бо қомати расоят арзанда ҷои Миллат.

Аз софиат сиёсат бинмуда тарки ҳилат,
Бо сидқ менамояд хидмат барои Миллат.

З-ин рӯ, қарини мардум ҳастӣ чунон, ки акнун
Чун мардумак азизӣ дар дидаҳои Миллат.

Хуш ҳоли он ки ин сон бинҳода аз сари сидқ
Дилро ба роҳи Миллат, сарро ба пои Миллат.

Эй тифли Миллат аз ту ҳамгоми зиндагонӣ,
Хушноми зиндагонӣ пурдил ниёи Миллат.

Эй ҷону дил мунаввар, эй сӯи нур раҳбар,
Аз ту зиё гирифта аҳли зиёи Миллат.

Эй раҳнамой ахтар андар самои даврон,
Эй дилфидои Миллат, эй ҷонфидои Миллат.

Шуд пеши роҳи Миллат во аз ту сӯи давлат,
Пеши раҳи ту во бод, эй Пешвои Миллат!

(Шеъре, ки аз дил омад, аз банда не, аё дӯст,
Бар пурбаҳои Миллат бошад баҳои Миллат!)
Низом ҚОСИМ