ДАР МЕҲМОНИИ ТЕАТР

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зерсохторҳояш тамошои дастаҷамъонаи намоишҳои театрии пойтахтро ба роҳ мондааст. Ин дафъа гурӯҳи калони кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла, кормандони нашрияҳои вазорат меҳмони ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмуд Воҳидов шуданд. Ба тамошобинон асари драматурги шинохтаи ӯзбек Ш. Бошбеков – «Зани оҳанин» (тарҷумаи Абуғаффори Абдуҷаббор) дар когардонӣ ва ороиши мусиқии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирзоватан Миров намоиш дода шуд.
Бояд гуфт, ҳунарпешагоне, ки беш аз як соат рӯйи саҳна ҳунарнамоӣ карданд, маҳорат ва истеъдоди баланди касбӣ нишон доданд. Бахусус, нақшҳои Қучқорбой аз ҷониби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов, Қумрӣ (Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳпайкар Ёрова), Олимҷон (Искандар Каримов), Аломатхон (Марҳабо Файзиева), Мулло Сувон (Аҳлиддин Ҳасанов) хеле моҳирона иҷро гардид.
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Гулбибӣ Абдулхайрова (Бобомуродзода) солҳост, ки тавассути барномаи «Лаҳзаҳои гуворо» низ аз ҳунари волои хеш дарак медиҳад. Дар ин спектакл ӯ нақши Салтанат (ҳамсояи Қучқор)-ро бозид. Ин нақши кучаку лаҳзавӣ бошад ҳам, ӯ тавонист, бори дигар соҳибмаҳорат будани хешро собит созад.
Дар ҷараёни спектакл батадриҷ баъзе нуқсонҳои замони Шуравӣ мавриди танқиду таҳлил қарор гирифтанд. Ин андешаи муаллифи намоишнома бештар дар ду маврид – ҳангоми суҳбати қаҳрамони асосӣ Қучқор бо Олимҷон ва Қучқор бо Қумрӣ ба тамошобин бозгӯ мешавад. Табиист, ки мавзуи асар ҳам инъикоси сохти колхозии замони Шуравист, ки ҳангоми заҳмати тоқатфарсо дар байни ҷӯяҳои пахта бештар занону кӯдакон азоб мекашиданд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»