ДАРЁИ МЕҲРИ ОМӮЗГОР

Устод Аюбҷон Юсупов солҳои зиёд ба таълиму тадрис ва тарбияи ҷавонон машғул гардида, дар соҳаи илм ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.
Роҳи зиндагии устоди арҷманд ҳамвор набуда, ӯ пайроҳаи душвори омӯзиши илму донишро сарбаландона паси сар карда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.
Мавсуф мактаби миёнаи №4 ба номи А. Абдураҳмонови (собиқ мактаби миёнаи ба номи «Коммунист») шаҳри Конибодомро бо медали тилло, соли 1975 факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (собиқ УДТ ба номи В.И. Ленин) бо дипломи аъло хатм намудааст.
Баъдан ба ҳайси таҷрибаомӯз дар Институти математикаи АИ Тоҷикистон фаъолият карда, аз соли 1976 то 1979 таҳсилро дар аспирантураи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов давом дод. Пас аз хатми он дар вазифаи ходими калони илмии шуъбаи «Муодилаҳои дифференсиалӣ»-и Институти математикаи АИ Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Ба ҳайси муаллими калони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (собиқ филиали Инс-титути савдо ва кооператсияи Новосибирск дар шаҳри Душанбе), дотсент, мудири шуъбаи маркетинг ва робитаҳои иқтисодии берунаи хоҷагии ҷамоавии «Ирам»-и ноҳияи Конибодом, дотсент ва мудири маркази компютерӣ ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, тренер ва коршиноси қарзии ташкилоти «Ҳайати Шафқат» низ фаъолияти пурсамар намудааст.
Фаъолияти хешро дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар вазифаи дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, муовини директор оид ба таълим ва инноватсия, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, профессори кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ идома дода, дар таълиму тарбия ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи иқтисод саҳми арзанда гузоштааст.
Дар ДИС ДДТТ ташкилкунандаи аввалин гурӯҳҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ба забони англисӣ аз фанҳои математикаи олӣ барои иқтисодчиён, микроиқтисод ва консепсияи табиатшиносии муосир бо забони англисӣ дарс медиҳад. Маҳз бо ибтикори ӯ шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ таъсис дода шуд ва барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо донишгоҳҳои машҳури олам заминаи мусоид фароҳам овард.
Устод Аюбҷон Юсупов дар конференсияҳои байналмилалӣ ва сафарҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар солҳои гуногун доир ба масъалаҳои рушди иқтисод ва соҳибкорӣ байни ҷавонон суханронӣ кардааст.
Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо шарафёб гардидан ба дастовардҳои мухталиф дар соҳаҳои илм, таълим, тарбия ва варзиш дар муаррифии кишвари азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши арзанда мегузорад. Чунончи, дастаи «ЭНАКТУС»-и донишкада дар мусобиқаҳои умумиҷаҳонии донишҷӯён дар соҳибкории озод ғолиб омада, борҳо Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва Парчами Ватани азизамонро дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон парафшон намудааст.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»