БА ҚАДРИ ОМӮЗГОР БОЯД РАСИД

Нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва ҳаёти ҳар як инсон хеле бузург аст. Ӯ беҳтарин хидоятгари ҷавонон дар пайроҳаҳои зиндагист. Бояд ба ин шахсияти бузургмақом хурду калон эҳтиром дошта бошанд. Ӯ фидоии кори худ ва сазовори беҳтарин арҷгузориҳост. Омӯзгор шогирдонашро мисли фарзанд дӯст медорад ва эҳтиром мекунад. Афсӯс, ки на ҳар кас ба қадри ин фидокориҳои омӯзгор мерасад. Бахусус, баъзе ҷавононе ҳастанд, ки бо тамасхур ба фаъолияти ӯ менигаранд.
Ман бо камоли муҳаббат пешаи омӯзгориро интихоб кардам. Аз як тараф, меҳри ин касбро устодонам дар дилам парварданд, аз тарафи дигар, модарам маро талқин карданд, ки касби бобоямро интихоб кунам. Мехоҳам, ба шогирдон бо шавқ ва аз сидқи дил дарс диҳам, то ки онҳо дар оянда дар ҷомеа мавқеи сазовор дошта бошанд.
Омӯзгор талқингари накукорӣ буда, шогирдонро дар ҳар қадам ба аъмоли шоиста раҳнамоӣ мекунад. Даъвати ҳар омӯзгор чунин аст: «Некӣ кунед, то номатон баъд аз шумо бо некӣ ёд шавад».
Мехоҳам, ба ҳамсолони худ муроҷиат кунам: -Дӯстони азиз! Биёед, дар хотир дошта бошем, ки тамоми мутахассисони ҷомеа аз шогирдӣ ба омӯзгор ба ҷое мерасанд! Хидмати устодонро аз хотир набарорем! Устодонро ба мисли падару модарамон дӯст дорем ва ҳурмат кунем!
Бахтинисо МУҲАББАТОВА,
донишҷӯи курси 3, коллеҷи омӯзгории
ба номи Хосият Махсумова