АСНОДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Бо иқдоми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурӣ як силсила дастуру роҳнамоҳои тавсиявӣ ба нашр расид, ки дар масъалаи таҳия, мураттаб ва ба танзим даровардани асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ба тасвиб расондани шартномаи меҳнатӣ ва бекор кардани он, инчунин, мушкилоти ҳуҷҷатнигорӣ дар иттифоқи касаба ба пешрафти кори зерсохторҳои ин ниҳод дар шаҳру навоҳӣ (хусусан, муассисаҳои таълимӣ) мусоидат хоҳанд кард.
Китоби «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз ҷумлаи чунин китобҳо маҳсуб ёфта, дар он дар хусуси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои иттифоқи касаба ва дастуру тартиби баргузории ҷаласаҳои сайёри пленумҳо ва раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурӣ ва ғайра маълумот дода шудааст.
Китоби мазкур зери таҳрири раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурӣ Зулҳия Нозакзода ба зевари чоп ороста гардида, мураттибони он кормандони ин ниҳод М.Қурбонов, Қ.Раҳимов, И.Хӯҷаев ва Ф.Бӯризода мебошанд.
***
«Ҳуҷҷатнигорӣ дар иттифоқи касаба» – чунин унвонгузорӣ гардидааст дастури роҳнамои дигари Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Дар ин дастур шаклҳои намунавии протокол оид ба расондани кумаки молиявӣ ба аъзои иттифоқи касаба, протокол дар бораи ҷудо намудани роҳхат ба аъзои иттифоқи касаба ба санатория, курорт, протоколи маҷлис дар бораи муайян намудани андозаи кумакпулӣ барои варақаи корношоямии муваққатӣ ва ғайра ҳамчун намуна оварда шудаанд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»