МАҚОМИ БАЛАНДИ ОМӮЗГОР

Омӯзгорӣ пешаи заҳматталаб ва дар айни замон, пуршараф мебошад. Омӯзгорон равшанибахши зиндагӣ ва аз ҷумла, фаъолони аҳли ҷомеаанд. Саҳми онҳо дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон бузургу мондагор аст. Ҳамин аст, ки сол то сол дар ҷомеаи мо мавқеъ ва мартабаи омӯзгор баланд мегардад.
Дар сиёсати Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф дар меҳвар қарор дорад ва дар масъалаи рушду такомул ва инкишофи он пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад. Омӯзгор дар роҳи тарбияи насли созандаву бунёдкор ва ватандӯсту хештаншинос саҳми шоиста ва бузург мегузорад. Ҷомеа аз омӯзгор фаъолияти пурсамару муассирро тақозо дорад.
Мо, аҳли маориф ва ҷомеа, вазифадорем, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои миллӣ раванди ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва пешрафтаро тақвият бахшем ва насли навро ҳамчун афроди худогоҳу соҳибтафаккур ва соҳибмаърифату бофарҳанг ба камол расонда, барои худ ва наслҳои оянда зиндагии шоистаро замина гузорем.
Ҳар кишваре, ки ба ин соҳа таваҷҷуҳу эътибори рӯзафзун медиҳад, бешубҳа, ба комёбиву пешравиҳои пурсамар ноил мегардад. Сарвари кишвари мо зимни сафару боздидҳояшон дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ҳатман аз муассисаҳои таълимӣ дидан намуда, бо устодону омӯзгорон ва аҳли маориф суҳбати ошкорову самимӣ меороянд, дастурҳо медиҳанд. Бо ибтикору ғамхориҳои Сарвари давлат солҳои охир бунёди мактабҳо дар саросари ҷумҳурӣ авҷи тоза ёфта, таълимгоҳҳо бо ашёву таҷҳизоти муосир, бо воситаҳои навини техникӣ таъмин мешаванд.
Президенти ҷумҳурӣ ҳамеша таъкид менамоянд, ки ғамхорӣ нисбат ба соҳаи маориф ва кормандони он, ғамхорӣ нисбат ба таъмини рушди неруи инсонӣ мебошад. Сарвари кишвар бори дигар таъкид намуданд, ки мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат боло бурда шавад, то мутахассисони созгори замонро тарбия намоем.
Ҳавасмоҳ БОБОШОЕВА,
мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб
ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз