ИМКОНОТИ «ДУРАХШАНДАГОН» ДАР ТАЪМИНИ МУТАХАССИСОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони варзида таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар баробари ин, ҷиҳати ҷалби ҷавонони лаёқатманду боистеъдод ва навовар барои таҳсил дар муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шудааст. Сарвари давлати зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон зикр намуданд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла, стипендияи Президентии «Дурахшандагон», ҷудо кардани квотаи Президентӣ ва тадбирҳои дигар далели возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия мебошанд. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз дар 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи дунё беш аз 41 ҳазор нафар ҷавонони мо таҳсил доранд. Худи ҳамин сол беш аз 5000 нафар ҷавонон барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шуданд. Вобаста ба мақсаду вазифаҳо ва фаъолияти Маркази барномаҳои байналмилалӣ бо директори он Рамазон Одиназода суҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
– Муҳтарам Рамазон Одиназода, дар оғоз мехостем ҳадаф ва вазифаҳои Маркази барномаҳои байналмилалиро шарҳу тавзеҳ медодед.
– Маркази барномаҳои байнал-милалӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Мақсад ва вазифаҳои марказ, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки тавассути он мутахассисоне, ки дар мактабҳои олии дохили мамлакат омода карда намешаванд, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд, то норасоии кадрӣ бартараф карда шавад. Ҳамзамон, механизми баъд аз хатми мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ ба танзим дароварда шуда, мутахассисонеро, ки дар асоси бурсияҳо дар хориҷи кишвар таҳсил кардаанд, ба ҷойи кор таъмин мекунанд. То имрӯз беш аз 100 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷиро хатм намуда, ба Ватан баргашта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд.
– Шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз рӯйи кадом ихтисосҳо таҳсил мекунанд ва марказ баҳри бартараф намудани мушкилоти донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, кадом корҳоро анҷом медиҳад?
– Дар стратегия ва барно-маҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҳадафҳои олии мамлакат – босуръат саноатикунонии кишвар, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ мутахасссисон дар макотиби олии хориҷи кишвар омода карда мешаванд. Айни замон беш аз 41 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои иқтисодӣ, техникӣ, риёзӣ, тиббӣ ва амсоли инҳо дар 47 давлати дунё таҳсил доранд.
Дар баробари ин, мунтазам тавассути воситаҳои муосири муошират ҳамкорӣ ва равобит бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, ба роҳ монда шудааст. Кормандони марказ фаъолият ва мушкилоти донишҷӯёни тоҷикро пайваста пайгирӣ мекунанд ва вобаста ба ноҷӯриҳое, ки дар ҳаёти онҳо ба вуҷуд меояд, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ – ватсап, месенҷер, телеграм ва дигар воситаҳои иртиботӣ дар тамос мешаванд. Инчунин, ба воситаи сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ мушкилоти онҳо бартараф карда мешавад. Бояд қайд кард, донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, гоҳ-гоҳ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мегарданд, ки яке аз омилҳои он надонистани талаботи қонунгузории ҳамон мамлакат ва ё талаботе, ки бевосита барои шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст, мебошад. Бо пешниҳоди муроҷиат зуд ба мушкилоти онҳо расидагӣ карда мешавад.
– Тавассути Маркази барно-маҳои байналмилалӣ киҳо ҳуқуқи таҳсил дар хориҷи кишварро доранд ва аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мебошанд?
– Бояд таъкид намуд, ки дар асоси сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байниҳукуматӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳо ё грантҳои таҳсилӣ ҷудо мегардад. Инчунин, бо ташаббуси Пешвои миллат Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшадагон» таъсис дода шуда, тавассути он танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таҳсил дар хориҷи кишварро ба даст меоранд.
Ҳамчунин, сол то сол мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ роҳҳои осон ва самарбахши ҷалби довталабонро тавассути онлайн ба роҳ мондаанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд аз тариқи онлайн худро ба қайд гиранд ва баъд аз супоридани имтиҳонҳо дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсилро идома диҳанд. Бурсияҳое, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси қонунгузории ҳамон давлат пешбинӣ шудааст, ба истилоҳи англисӣ (Full scholarships) мегӯем, яъне, таҳсили ройгон бо дарназардошти соҳиби имтиёз ё стипендияи махсусе, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷойҳои буҷавӣ ё ройгонро пешниҳод кардаанд, метавонанд бархӯрдор бошанд. Онҳое, ки тавассути маркази мазкур ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристонида мешаванд, рӯйхаташон ба сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар он кишварҳо равон карда мешавад ва дар сурати ба мушкилот рӯ ба рӯ шудан, аз ҷониби намояндагии дипломатӣ раванди таҳсили онҳо назорат мешавад. Шаҳрвандоне, ки худашон мустақиман дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар ҳуҷҷат ва ба таври ҳузурӣ имтиҳон месупоранду донишҷӯ мегарданд, агар худро аз қайди расмӣ гузаронанд, манфиатбор хоҳад буд.
– Воқеан, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» аз ташаббусҳои муҳимми Пешвои миллат мебошад, ки имкони мусоидро барои таҳсил ба беҳтарин макотиби олии кишварҳои олии хориҷӣ фароҳам овардааст. Раванди қабул ба стипендияи мазкур чӣ гуна сурат мегирад?
– Тибқи Низомномаи Стипендияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ҷараёни қабули довталабон ду давраро дар бар мегирад. Даври аввал аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад ва даври дуюм аз ҷониби раис ва аъзои комиссияи ҷумҳуриявӣ. Ба довталабон, ҳамчунин, экспертҳои мустақил дар масъалаи дараҷаи забондонӣ, доштани сертификатҳои байналмилалӣ суҳбати озод анҷом медиҳанд. Он донишҷӯёне, ки ғолиби озмун дониста мешаванд, аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ ва маблағгузории онҳо дар кишварҳои хориҷӣ фароҳам ва механизми банақшагирии ихтисосҳо дар асоси дархости вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат пешниҳод карда мешавад. Рӯйхати ихтисосҳо аз ҷониби раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ – муовини Сарвазири мамлакат тасдиқ мегардад ва баъд аз он қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои озмун оғоз меёбад. Имтиҳонҳо дар асоси низомнома сурат гирифта, довталабон бояд ҷавобгӯ ба талаботи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Аврупову Амрико бошанд. Ҳамзамон, довталабони озмун бояд дорои сертификатҳои байналмилалӣ – TOEFL, IELTS, Duolingo бо холҳои муайян бошанд. Аз ин рӯ, ҳангоми қабул довталабоне, ки дар доираи стандартҳои мактабҳои олии кишварҳои хориҷии мавриди назар ҷавобгӯ ҳастанд, интихоб ва дастгирӣ меёбанд.
– Ҳамасола тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристонида мешаванд. То имрӯз тибқи стипендияи мазкур чанд нафар таҳсил кардаанд?
– Бо дарназардошти пандемия муддате фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ мавқуф гузошта шуд. Вале дар соли таҳсили 2022-2023 ва соли таҳсили 2023-2024 зиёда аз 200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби озмуни стипендияи зикршуда гардиданд ва онҳо дар мактабҳои олии кишварҳои Олмон, Британияи Кабир, Италия, Канада, ИМА, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Сингапур ва ғайра таҳсил доранд. Боиси ифтихор аст, ки фаъолият ва таҳсили шаҳрвандони тоҷик дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ назаррас аст ва эшон дар аксар озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок кардаву сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо баҳои аъло таҳсил мекунанд.
Нуктаи муҳимми дигар он аст, ки шаҳрвандони тоҷик дар мактабҳои олии кишварҳои Аврупо дар соли аввал курси Фаундейшн (Foundation), яъне, курси омодагиро барои дохил шудан ба донишгоҳ дар як сол ба таври мукаммал меомӯзанд. Бе омӯзиши курси номбурда шаҳрвандони тоҷик ҳуқуқи шомил шудан ба донишгоҳҳоро надоранд. Яъне, стандарти давлатҳои аврупоӣ тақозо мекунад, ки шаҳвандони ИДМ ҳатман як сол курсро ба таври ҳамаҷониба фаро бигиранд. То имрӯз дар асоси стипендияи «Дурахшандагон» беш аз 1000 нафар мактабҳои олии кишварҳои хориҷиро хатм кардаву ба Ватан баргаштаанд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доранд.
Бояд қайд кард, ки классификатори давлатии мо тибқи он соҳаҳое, ки дар дохили мамлакат мавҷуд аст, тарҳрезӣ шудааст ва он аз классификатори таҳсилоти давлатҳои Аврупову Амрико ва дигар кишварҳо фарқ мекунад. Чун дар дигар давлатҳо классификатори давлати мо ихтисосҳои ҳамгироро дар бар мегирад, дар он якчанд ихтисос ба ҳам муттаҳид шудаанд. Масалан, мушовири молиявӣ ва сармоягузорӣ: чунин ихтисосҳо дар кишварҳои Аврупо омода карда намешаванд, чунки дар низоми он кишварҳо бисёр ихтисосҳо дар алоҳидагӣ омода карда мешаванд. Барои мутахассис танҳо дар як самт ихтисоси молия ва дар самти дигар — сармоягузорӣ тахассуси алоҳида дода мешавад, яъне барои ба ихтисосҳои мушовири молиявӣ ва сармоягузорӣ соҳиб шудан зурар аст, ки ду нафарро ба таҳсил фиристонем.
– Оё дар назди марказ курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст?
– Айни замон дар марказ чунин курсҳо ва фаъолияти таълимӣ мавҷуд нест. Дар асоси оинномаи марказ, ки аз ҷониби вазири маориф ва илм моҳи декабри соли 2022 тасдиқ гардид, ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва барои бозомӯзӣ, роҳандозии курсҳои забондонӣ, аз қабили курси тайёрӣ барои супоридани имтиҳоноти TOEFL, IELTS, Duolingo зикр шудааст. Дар асоси он ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба бинои таълимӣ дархост пешниҳод карда шуд ва он дастгирӣ ёфт.
Тавассути ҷалби грантҳо ва инвеститсияҳои хориҷӣ ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илм лоиҳаи ангоравӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати дастгирӣ ёфтан аз ҷониби шарикони рушд дар ояндаи наздик имкон пайдо мегардад, ки курсҳои омодагӣ ва курсҳо барои дастрас намудани сертификатҳои TOEFL, IELTS, Duolingo мусоидат менамояд. Дар заминаи ҳамкорӣ ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир аз ҷониби шарикони рушд таклифу пешниҳодҳо дастрас гардид. Умед аст, ки рӯзҳои наздик соҳиби иҷозатномаи байналмилалӣ аз ҷониби Британияи Кабир мегардем ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шомил гардидани мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ бо супоридани имтиҳоноти TOEFL, IELTS, Duolingo дар дохили кишвар соҳиби иҷозатнома мегарданд. Ҳоло довталабони тоҷик барои ба даст овардани сертификати байналмилалии IELTS ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва дигар кишварҳо сафар менамоянд.
– Дар як соли охир маркази байналмилалӣ кадом корҳои назаррасро анҷом додааст?
– Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар як соли охир имкон пайдо кард, ки таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъмин намояд. То соли 2022 ғолибони озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» асосан ба кишварҳои ИДМ фиристода мешуданд. Аз соли 2022 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишварҳои низоми маорифашон пешрафта, аз ҷумла, ба давлатҳои Аврупо, ИМА, Канада, Сингапур ва ғайра ба таҳсил равона намудем, ки онҳо 5 забони хориҷиро хуб медонанд ва донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд. Нуктаҳое, ки дар суханрониии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вобаста ба ҷалби бештари ҷавонони лаёқатманду донишманд ҷиҳати таҳсил ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ зикр шуданд, масуълияти кормандони марказро бештар мекунанд. Дар ин замина зарур аст, ба ихтисосҳое таваҷҷуҳ карда шавад, ки дар дохили мамлакат омода карда намешаванд, то мушкилоти кадриро дар ҳама соҳаҳо бартараф намоем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки сол то сол талабот ҳам дар макотиби олии дохили кишвар ва ҳам хориҷи мамлакат бештар мегардад. Аз ин рӯ, он толибилмоне, ки мехоҳанд дар хориҷи мамлакат таҳсил намоянд, бояд бештар мутолиа ва забонҳои хориҷиро ба таври назаррас аз худ кунанд, техникаву технологияи замонавиро ҳаматарафа фаро гиранд ва дар бораи талаботи макотиби олии кишварҳои хориҷӣ маълумоти бештар дошта бошанд. Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» имкони беҳтарин ҷиҳати вусъати ҳамаҷонибаи ҳар як ҷавони лаёқатманду соҳибистеъдод ба шумор меравад. Шоистаи таъкид аст, ки ғолибони стипендияи «Дурахшандагон», ки берун аз давлатҳои ИДМ таҳсил мекунанд, бо стипендияи ҳармоҳа ба маблағи 500 доллар таъмин карда мешаванд. Дар баробари ин, маблағи суғуртаи тиббӣ, ҷойи зист, шартномаи таҳсил, роҳкиро ва дигар хароҷоте, ки дар ҷараёни таҳсил сарф карда мешавад, аз ҷониби фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад.
Мусоҳиб
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»