Тайи солҳои соҳибистиқ-лолӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар сатҳу сифати таълим беҳтар гардида, хонандагони таълимгоҳҳо дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ муташаккилона иштирок намуда, ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Таҳсилоти умумӣ яке аз зинаҳои асосӣ буда, давраи ташаккулёбии кӯдакону наврасон маҳсуб меёбад ва ҷиҳати рушди ин зина таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷиҳати рафъи камбудиҳои соҳаи маориф ва саривақт расидагӣ намудан ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандон рӯзи қабули вазири маориф ва илм дар ВМКБ (барои шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Роштқалъа, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Мурғоб ва Ишкошим) доир гардид, ки ин иқдом аз ҷониби сокинони вилоят мусбат арзёбӣ карда шуд.
Лоиҳаи ЮСАИД «Биё, ҳамроҳ омӯзем» якҷо бо Вазорати маориф ва илм дар самти ислоҳоти соҳаи маориф тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Мақсади асосии Лоиҳа тақвияти натиҷаҳои хониш ва малакаҳои математикии хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии такягоҳии Лоиҳа дар ҷумҳурӣ мебошад. Фаъолияти Лоиҳа дар самти зиёд намудани дастрасӣ ба маводи босифати хониш, математика ва инчунин, такмили фанҳои мазкур дар синфҳои ибтидоӣ, пешниҳоди навовариҳо ва рушди ҳамкориҳо ҷиҳати дастгирии дастовардҳои таълимӣ равона карда шудааст.
Дар ин муддат барнома ва стандартҳои 11 фанни таълимии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Моҳи майи соли равон озмуни «Беҳтарин Маркази методии минтақавӣ» бо мақсади тақвияти фаъолияти марказҳо баҳри расондани ёрии методӣ ба омӯзгорону раҳбаладон дар ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор гашта, 68 маркази методии минтақавии ғолиб бо ҷоизаҳои ифтихорӣ сарфароз гардиданд. Моҳи июни соли ҷорӣ омӯзиши озмоишии курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо фарогирии 4791 нафар омӯзгори муассисаҳои озмоишӣ ва 556 нафар роҳбалади омӯзишҳо ба анҷом расид. Вазорати маориф ва илми кишвар маводи омӯзишӣ барои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба тақвияти таълими хониш, забони модарӣ ва математикаро омода намуда, дар асоси он омӯзишҳо барои директорони муассисаҳои таълимиро баргузор намуд. Соли равон 48419 нусхаи осори бадеии бачаҳо чоп ва ба муассисаҳои таълимии такягоҳӣ дастрас гардид. Ҳамчунин, 17185 маводи иловагӣ барои тренерон ва омӯзгорони 400 муассисаи озмоишӣ чоп гардонда, 1550 нусха китоб бо ҳуруфи брайл барои кӯдакони нобино ва 9200 нусха (10 номгӯй) китоб бо ҳуруфи барҷаста барои кӯдакони биноияшон заиф ба муассисаҳо дастрас карда шуд. Инчунин, таҳияи 330 маводи иловагии таълимӣ ва дастури омӯзгор барои забони тоҷикӣ, хониш, математика ва 50 маводи таълимӣ барои синфҳои 1-4 ба анҷом расид. Дар ин давра 20 номгӯйи асарҳои машҳури бачагона аз адабиёти ҷаҳон ва 20 китоби нави бадеии рамзкушо ва гуногунсатҳ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода карда шуданд. Замимаи мобилии «Китобдӯст» пас аз баррасӣ ва хулосаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон соли равон аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тасдиқ карда шуда, тавассути сомонаи «Плей маркет» ба кӯдакон дастрас карда шуд, ки дар он 68 китоби бадеии кӯдакона ҷой дода шудаанд. Замимаи мобилии «Математика» барои синфҳои 1-4 омода шудааст. Лоиҳаи «Мактабҳои 2030» соли сеюм аст, ки дар 100 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар радифи 10 кишвари ҷаҳон амалӣ мешавад. Вобаста ба иҷрои талаботи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо 24 олимпиада ва озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд. Яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Ҳукумати кишвар пеш гирифтааст, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дар ин замина омода намудани кадрҳои боистеъдод ва рақобатпазир дар бозори меҳнат мебошад. Бо ин мақсад, тибқи нақшаи корӣ дар нимсолаи якуми соли равон ду семинари омӯзишӣ ва дастурдиҳӣ бо мақсади ҳамоҳанг сохтани раванди таълиму тарбия ва боло бардоштани сатҳи сифати таҳсилот дар ин муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ , забон ва адабиёти рус, забони русӣ ва забони англисии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор намуд.
Таҳияи Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»