ТАКМИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

Ҳоло дар 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи 15 равия (иқтисодӣ, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёвӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ, сохтмон, кишоварзӣ, металлургӣ, сайёҳӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ) мутахассисон омода карда мешаванд. Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 19980 нафар (4703 нафар духтар) мебошад.
***
Дар ҷумҳурӣ 84 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 57 муассисаи давлатӣ) фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли 2022 2 муассиса зиёд мебошад. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи 10 самт ва 203 ихтисос мутахассисон омода мегарданд.
***
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 85302 нафар (64307 нафар духтар) донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 6867 нафар омӯзгор (3373 нафар зан) дарс медиҳанд.
***
58 адад нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 111 адад нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои кӯтоҳмуддати касбҳои коргарӣ ва забономӯзии назди муас-сисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таҳия, тасдиқ ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонда шуд.
***
Ҷиҳати ба низоми муайян даромадани зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Дастурамал оид ба таҳия ва тасдиқ намудани барномаи кории фанни таълимӣ (силлабус) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби гузаронидани мусобиқаи «Маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ», Тартиби гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳти унвони «Сарояндаи беҳтарин», Тартиби гузарондани озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳти унвони «Рассоми беҳтарин», Тартиби гузарондани олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи шурои омӯзгорон (олимон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.
***
Бо мақсади тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон, ба роҳ мондани корҳои тавзеҳӣ оид ба тарзи ҳаёти солим, нафрат ба нашъамандӣ ва ҳисси ифтихори ватандорӣ, инчунин, дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор карда шуд, ки дар он 5 муассисаи равияи варзиш ва ҳарбӣ иштирок намуданд.
***
Яке аз омилҳои баланд намудани сифати таҳсилот ва донишазхудкунии донишҷӯён баргузории озмунҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад. Маҳз бештар гузарондани озмунҳои фаннӣ ва соҳавӣ таҳкимбахши сифати таҳсилот ва дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони варзида барои иқтисодиёти миллии кишвар мегардад. Аз ин рӯ, сол аз сол барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён қабули корҳои хаттӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимӣ мураккаб мешавад. Агар солҳои қаблӣ донишҷӯён аз фанни забони тоҷикӣ ва русӣ тест, диктант ва нақли хаттӣ месупориданд, соли ҷорӣ аз фанҳои мазкур донишҷӯён иншо навиштанд. Аз забони англисӣ ба ҷойи саволҳои шифоҳӣ, тест ва ё диктант соли ҷорӣ донишҷӯён нақли хаттӣ навиштанд.