85 НАФАР РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Дар шаҳри Хоруғ маросими ҷамъбасти озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ёдрас намуд, ки мақсад аз баргузории озмун на танҳо муайян кардани ғолибон, балки дарёфти истеъдодҳои нав ва эҳё намудани анъанаи китобхонӣ миёни мардум аст. Ба ҳамаи ғолибони озмун раиси вилоят ифтихорнома, мукофоти пулӣ эҳдо намуд ва ба онҳо барои ширкат дар даври ниҳоии озмун комёбӣ таманно кард.
Дар даври вилоятии озмуни мазкур 85 нафар ба ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сазовор гардида, ба даври хотимавии озмун роҳхат гирифтанд.

Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»