ИШТИРОКИ 310 НАФАР ДАР ДАВРИ СЕЮМ

Дар ВМКБ даври сеюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз ёфт. Дар расми ифтитоҳи он муовини раиси вилоят Абдулназар Абдулназарзода ширкат намуда, ба ҳайати ҳакамону иштирокчиён барор хост.
Дар даври дуюми ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и озмун 1482 нафар ширкат варзида, ба даври вилоятӣ 310 нафар роҳхат гирифтанд. Тавре маълум аст, озмун аз рӯйи 5 номинатсия: адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон, адабиёти классик ва эҷоди назму наср сурат мегирад.
Рӯзи аввали озмун 63 нафар (дар номинатсияи кӯдакон ва наврасон 17, адабиёти муосир 12, адабиёти ҷаҳон 14, адабиёти классик 12, эҷоди назму наср 8 нафар) ширкат намуданд. Рӯзи дуюм шумораи иштирокдорони озмун ба 84 нафар расид. Озмун то 26-уми август идома меёбад.

Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»