БЕҲТАРИНҲО ҒОЛИБ МЕОЯНД

Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар вилояти Хатлон 14-уми августи соли 2023 оғоз гардид. Се рӯзи аввали озмун дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор шуд, ки дар он довталабон аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ширкат намуда, донишу маҳорати худро аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳо санҷиданд.
Дар ин давр аз 25 шаҳру ноҳияи вилоят 1170 нафар довталаб иштирок доранд.
16-уми августи соли равон раиси комиссияи даври ҷумҳуриявии озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Матлубахон Сатториён, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун Ҷумъахон Файзализода, сардори раёсати маорифи вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода аз рафти баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дидан карда, бо ҳайати ҳакамон, масъулон ва довталабон оид ба таъмини шаффофият, баҳогузорӣ ва маҳорати довталабон суҳбат оростанд.
Аз 21-уми август дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (барои довталабон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар) баргузор шуда истодааст.
Узви ҳайати ҳакамон Озар Салимиён изҳор намуд, ки омодагӣ, донишу фаҳмиш ва фаъолнокии довталабон нисбат ба солҳои пешин беҳтар мебошад.

С. АЗИЗӢ,
«Омӯзгор»