ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМУНҲО

— Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии тиббӣ – иҷтимоии зодаи даврони истиқлол буда, соли 2020 ба фаъолият оғоз намудааст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори ин муассиса З. Ибодзода. – Ҷараёни таълиму тарбия дар донишкада мувофиқи нақшаҳои таълимии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ва дигар санадҳои меъёрии марбут ба таҳсилоти олӣ ба роҳ монда мешавад.
Бинобар иқрори ректор, донишкада дар панҷ факултет – психологияи тиббӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ, фарматсевтӣ ва факултети стоматология мутахассисони соҳаи тибро дар самти ёрии психологии тиббӣ, иҷтимоӣ – тиббӣ – психологӣ, фарматсевтӣ ва муолиҷавӣ расондан ба шахсони эҳтиёҷманд омода менамояд.
З. Ибодзода афзуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳафт ҷаласаи шурои олимон ва шаш ҷаласаи раёсати донишкада баргузор карда шуд, ки дар онҳо бештар аз 70 масъалаи раванди таълиму тарбия мавриди баррасӣ ва муҳокима карор дода шуд.
Чунонки ректор зикр намуд, донишкада новобаста ба он, ки таърихи дурудароз надорад, муносибату ҳамкориҳояшро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии як қатор давлатҳои хориҷа ба роҳ мондааст. Натиҷаи чунин ҳамкориҳост, ки имрӯз дар донишкада аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон,
Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш ва Нигерия — ҷамъ 34 нафар таҳсил менамоянд ва ҳамаи онҳо бо хобгоҳ таъминанд.
— Яке аз самтҳои фаъолияти муассисаи мо, — гуфт ректор, — иштироки шогирдон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалист. Аз ҷумла, дар озмуни ноҳиявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз номинаи химия донишҷӯ А. Бурҳонова соҳиби ҷойи дуюм, аз номинаи математика О. Собиров ва аз номинаи физика Л. Қурбонов соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» чор нафар донишҷӯ дар номинаҳои «Адабиёти муосир», «Ҷаҳон» ва «Эҷоди наср» ҷойҳои сеюмро ишғол карданд. Ҳамчунин, дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии «Таълимгирандагони соли 2023» баргузор гардид, ки дар он Хусрав Ҳоҷиев ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби диплом ва сертификати ҷойи аввал дар байни ҳасмолонаш гардид.
Роҳбари муассиса бо дархости рӯзноманигорон оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи донишкада маълумот дода, онҳоро бо мақсади тарғиби таълиму тарбия ва пешрафти илми тиб ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»