Дар нимсолаи якуми соли 2023 фаъолияти таълимии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе мувофиқ ба талаботи стандартҳои федералии давлатии таҳсилоти олии Федератсияи Россия, сиёсати таҳсилоти Тоҷикистон ва Россия, ки ба такмилдиҳии низоми таҳсилот, нақшаи стратегии рушди филиал марбутанд, мавриди амал қарор дода шуд. Дар ин бора дар нишасти матбуотии донишгоҳи номбурда директори иҷроияи филиали донишгоҳ Р. Ғаниев ба рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки донишҷӯёни филиал аз рӯйи шаш равияи таълимӣ — математикаи амалӣ ва информатика, химия, физика ва механикаи мавод, геология, идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва лингвистика ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамаи ихтисосҳои таълимии номбаршуда аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ташхиси мазмун ва сифати омодагии таҳсилгирандагон тибқи шаш барномаи таълимии дараҷаи бакалавр анҷом дода шудааст.
Чунонки директор зикр намуд, сифати омодагии кадрҳои филиал аз натиҷаҳлои интихоби довталабон ба муассисаи таълимӣ вобастагӣ дорад. Бо мақсади ҷалби васеи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна барои дохилшавӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ оид ба роҳнамоии касбӣ кори бонизом ташкил карда шуд. Дар филиал литсей, ҳамчунин, курсҳои тайёрӣ бо муҳлати таҳсили ҳафтмоҳа амал мекунанд, ки дар онҳо омодагии мақсадноки довталабон ба роҳ монда шудааст.
Дар нимсолаи аввал теъдоди донишҷӯёни филиал 450 нафаррро ташкил дод, ки аз ин 301 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 149 донишҷӯ дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил намуданд. Филиали донишгоҳро имсол 93 нафар хатм намуд, ки аз байни онҳо 12 нафар дипломи аъло гирифт.
— Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти филиал, — гуфт Р. Ғаниев, — бо кор таъмин намудани хатмкунандагон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, аз ҷониби мудири таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, кормандони шуъбаи таъмини методии раванди таълим ва назорати сифати таҳсилот, шуъбаи илм, инноватсия, муносибатҳои байналмилалӣ ва табъу нашр, инчунин, мудирони кафедраҳо амалӣ карда мешавад. Бояд гуфт, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ раванди таълимро 88 омӯзгори ҳирфавӣ таъмин карданд, ки дар байни онҳо 30 нафар доктор ва 37 нафар номзади илм мебошанд.
