ТАДБИРАНДЕШИҲОИ ФАРҲАНГӢ ДАР ДДФСТ

Дар нишасти матбуотии, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илм филология, профессор Муҳриддин Низомӣ ба рӯзноманигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар шаш моҳи аввали соли 2023 маълумот дод. Ба иттилои ректор, дар соли таҳсили 2022 – 2023 341 нафар донишҷӯ аз рӯйи 21 ихтисоси шуъбаҳои рӯзонаву фосилавӣ ба имтиҳонҳои хатм роҳ ёфтанд. Аз ин теъдод 338 нафар имтиҳони хатмро супорида, се нафар донишҷӯ бо сабабҳои узрнок ба имтиҳон ҳозир нашуданд.
Зикр гардид, ки дар шашмоҳаи соли ҷорӣ бори нахуст донишҷӯёни ихтисосҳои драматургия, санъатшиносӣ, менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг донишкадаро хатм намуданд. Сиву се нафар донишҷӯ ихтисосҳои санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ (санъати мусиқӣ), ки марбут ба равияи омӯзгорӣ мебошанд, ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд. Инчунин, 29 донишҷӯ тариқи квотаи Президентӣ донишкадаро ба итмом расонда, ба маҳалли зисти хеш фиристода шуданд.
Рӯзноманигорон бо таваҷҷуҳ ба масъалаи сифати таҳсилот иттилоъ гирифтанд, ки сатҳу сифати таълим дар миёни донишҷӯёни бахши рӯзона, магистратура, доктор (PhD) дар нимсолаи соли 2023 ба 33,8 фисад баробар буда, азхудкунии фанҳои таълимӣ 94 фисадро ташкил медиҳад. Ин бозгӯи он аст, ки устодони пуртаҷриба дар муассиса фаъолият менамоянд ва шумораи устодони соҳиби дараҷа ва унвонҳои илмидошта дар донишкада 23, 8 фисадро ташкил додаанд. Чунонки гуфта шуд, дар нимсолаи аввали соли 2023 дар донишкада бештар аз 10 чорабинии илмии сатҳи донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид. Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омӯзгори донишкада Сайёра Ғафурова дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» сазовори ҷойи дуюм, донишҷӯён Мавҷуда Шарифова дар номинатсияҳои «Эҷоди назм» ва «Эҷоди наср» сазовори ҷойи аввал ва Шукрона Самадзода сазовори ҷойи сеюм шуда, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин, 15 нафар омӯзгору донишҷӯи донишкада дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ғолиб омада, ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.
Ректор иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ омӯзгорону донишҷӯён дар озмунҳои ватаниву хориҷи мамлакат иштироки фаъолона доштанд. Аз ҷумла, моҳи марти соли ҷорӣ дар филиали минтақавии ДДСФ Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Фарғона озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Искусство слова» баргузор гардид, ки ҳафт номераи видеоии маҳорати суханварӣ ва шеърхонии донишҷӯён (сабти видеоӣ) пеншниҳод шуд ва иштирокчиён бо дипломҳои озмун қадрдонӣ гардиданд.