12-уми августи ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи вазорат ва дигар зерсохторҳои он, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии мамлакат дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо соҳибкорон ва шахсони саховатманде, ки дар бунёди муассисаҳои таълимӣ саҳмгузорӣ намудаанд, вохӯрӣ баргузор гардид.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода нахуст аз заҳмати сохтмончиёни мамлакат сухан ронда, барои онҳое, ки дар сохтмон ва бунёди муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ саҳмгузорӣ намудаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуд. Вазир зикр кард, ки нуфузу обрӯи сохтмончиёни кишвар ва касби сохтмончӣ сол ба сол баланд мегардад, зеро аксари офаридаҳои беҳтарину мондагор аз ҷониби онҳо ба вуҷуд омадаанд. Шаҳрҳои зебо ва иншооти бузурги меъморӣ — мактабу донишгоҳҳо, беморхонаву истироҳатгоҳҳо, қасрҳои фарҳанг ва варзишгоҳҳо, хонаҳои замонавӣ ва кохҳои дилрабо, меҳмонхонаву китобхонаҳо ва садҳо иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ маҳз бо дастони пурэъҷози сохтмончиҳо – бинокорон бунёд шудаанд.
— Имрӯз дар сар то сари мамлакат бунёди иншооти аз ҳар лиҳоз замонавӣ идома дорад, — афзуд вазир. – Бо заҳмати сохтмончиёни ватанӣ дар як соли охир бунёди садҳо биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, хидматрасонӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард ба анҷом расидааст, ки ин ҳама саҳми арзанда дар рушди иқтидори иқтисодии Ватанамон мебошад.
Танҳо дар нимсолаи якуми соли 2023 мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 4140 ҷойи нишаст, дармонгоҳ барои 120 нафар (қабул дар як баст) ва муассисаҳои томактабӣ барои 520 ҷой ба истифода дода шуданд. Аз ин рӯ, хидмати сохтмончиён хеле бузург аст. Заҳмати онҳо на барои даҳ- бист сол, балки барои асрҳо басанда аст. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Сохтмончиён пайвандгари асрҳою наслҳоянд». Бинобар он, ба он соҳибкороне, ки барои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири муассисаҳои таълимии мамлакат саҳм гирифтаанд, аз номи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ аҳли нишаст, хоса соҳибкорони муваффақи саховатпешаро, ки дар бунёди муассисаҳои таълимӣ саҳми муносиб мегузоранд, бо иди касбии сохтмончиён табрик гуфт. Вай изҳор дошт, ки бояд раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосии худ қарор дода, истифодаи самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон таъмин намоем.
Тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ зикр намуданд:
«…Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои ояндаи наслҳои халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд». Имрӯз он шахсоне, ки барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ заҳмат кашида, ҳиссаи хешро дареғ намедоранд, дар айни замон барои босавод шудани хонандагон низ саҳми муносиб мегузоранд. Зеро муҳайё намудани синфхонаҳои васею барҳаво, ҷиҳозонидани онҳо бо техникаву технологияи ҳозиразамон барои баланд бардоштани сифати таҳсилот низ мусоидат менамояд.
Дар чорабинӣ як қатор соҳибкорон ва сохтмончиёни саховатпеша, ки дар бунёди муассисаҳои таълимӣ саҳм гирифтаанд, бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Сипоснома» — и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
