ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…

14-уми августи соли равон дар муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври сеюм — шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт.
Ҳадафи асосии баргузории озмун, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои суханвар ва сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии насли наврас мебошад.
— Тӯли панҷ сол мешавад, ки мо ин озмунро баргузор карда истодаем, Озмун ба муҳити фарҳангии мо, умуман, ба зиндагии насли наврасу ҷавони мо ҳамчун як пешаи ҳамешагӣ ворид шуд ва сатҳи дониш, маърифат, таваҷҷуҳи ҷавонони мо ба хондани китоб, аз худ кардани илм нисбат ба солҳои пешин хеле боло рафта истодааст, — афзуд узви ҳакамони озмун, профессор Шамсиддин Солеҳов.
Иштирок дар озмуни мазкур аз довталабон маҳорати баланди хондани назм ва насри бадеиро талаб намуда, ғолибон аз рӯйи донишу маҳорат ва ҷаҳонбинӣ муайян карда мешаванд.
— Озмун хеле шавқовар ва шаффоф мегузарад, ман бештар ба мутолиаи асарҳои адибони муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон завқ дорам, инчунин, шеър ҳам эҷод мекунам имсол аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» иштирок дорам, — гуфт иштирокчии озмун Шукрона Хидирзода.
Иштирокчии дигари озмун Иброҳим Бобиев — хонандаи синфи 6-и мактаби №80, ноҳияи Сино иброз дошт, ки соли сеюм аст дар озмуни мазкур дар номинатсияи «Адабиёти кӯдакон ва наврасон» иштирок меварзад. Ӯ зиёда аз 120 китоб мутолиа карда, 100 ғазал, 100 чистон ва 90 тезгӯяк аз бар кардааст.
Ёдовар мешавем, ки даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» моҳи август дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бомаром идома дошта, довталабон аз номинатсияҳои «Адабиёти кӯдакон ва наврасон», «Адабиёти классикии тоҷик», «Адабиёти муосири тоҷик», «Адабиёти ҷавон», «Эҷоди назм» ва «Эҷоди наср» байни ҳам сабқат меороянд.
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»