Суҳбат бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Додарбек Аббосзода
— Муҳтарам Додарбек Аббосзода! Мехостем нахуст оид ба фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳия каме маълумот медодед.
— Дар ноҳияи Рашт 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад, ки аз ин 25 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 17 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 70 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 мактаб — интернати ҷумҳуриявӣ буда, дар умум, 30619 нафар хонандаро ба таҳсил фаро гирифтаанд.
Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1580 омӯзгор кор мекунанд. Шуъбаи маорифи ноҳия баҳри таъмини мактабҳои ноҳия бо омӯзгорони ихтисосманд аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Мо бо Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳамкории густардаро ба роҳ мондаем.
— Яке аз нишонаҳои фаъолияти босамари муассисаҳои таълимӣ дохил шудани хонандагон ба донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва пирӯзии онҳо дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар ин самт ба кадом дастовардҳо ноил гардидед?
— Дохил шудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ сол то сол меафзояд. Ҳамасола 70-80 дарсади хатмкунандагон ба макотиби олӣ ва муассисаҳои касбӣ дохил мешаванд.
Ҳар сол чанд нафар аз хатмкунандагони муассисаҳои таълимии мо ба донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии хориҷи кишвар, аз ҷумла, Федератсияи Россия дохил мешаванд, ки ин ҳам яке аз падидаҳои мусбати замони истиқлол аст. Ҳамчунин, шумораи духтароне, ки ба донишкадаҳо ва донишгоҳҳо дохил мешаванд, афзудааст.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо 1 нафар хонанда ғолиби ҷойи дуюм, 2 нафар ғолиби ҷойи сеюм ва 2 нафар иштироки фаъол доштанд. Шумораи иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ дар ҳоли афзоиш мебошад. Албатта, мо аз дастовардҳои худ қаноатманд нестем ва дар оянда кӯшиш хоҳем кард, ки дар ин самт дастоварди бештаре дошта бошем. Дар давраи таътили тобистона, аз ҳар муассисаи таълимӣ хонандагони фаъол ва боистеъдод дар шаҳри Душанбе ба дарсҳои иловагӣ вобаста шуданд, ки ин амр барои ноил шудан ба комёбиҳои бештар дар оянда муассир хоҳад буд.
— Таъмини муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсӣ, пардохти маблағи иҷораи китобҳо, иҷрои барнома-ҳои давлатӣ ва ташкили кабинетҳои фаннӣ дар чӣ ҳолат қарор дорад?
— Солҳои охир вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардидааст, вале ҳанӯз норасоии баъзе китобҳои дарсӣ ба назар мерасад, ки ин камбуд то соли нави таҳсил ҳал хоҳад шуд. Маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ сари вақт пардохт мегардад. Бояд гуфт, ки иҷрои барномаҳои давлатӣ ҳамеша дар мадди назари шуъбаи маориф қарор дорад. Шуъбаи маориф баҳри татбиқи “Барномаи ташкили кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо” тадбирҳои зарурӣ меандешад.
— Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони ҷавон як қатор имтиёзҳо муқаррар кардааст. Ҳозир шудани онҳо ба ҷойи кор ва бархӯрдориашон аз ин имтиёзҳо чӣ гуна аст?
— Бояд зикр кард, ки ба 13 нафар мутахассиси ҷавон дар соли ҷорӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Мутаассифона, мавридҳои ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон низ вуҷуд дорад. Имсол мо бо хатмкунандагони соҳаи омӯзгории донишгоҳҳо ва донишкадаҳо барои бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо суҳбат кардем. Бовар дорем, ки нисбат ба солҳои қаблӣ шумораи бештари мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ҳозир мешаванд ва масъалаи норасоии омӯзгорони ихтисосманд дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҳал мешавад.
— Саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони эҳсонкорро дар бунёди муассисаҳои таълимӣ ва умуман, соҳаи маориф чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди муассисаҳои таълимии ноҳия ва синфхонаҳои иловагӣ ёрии худро мерасонанд. Дар соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таълимии №35 бо тамоми шароити замонавӣ ба истифода дода шуд. Дар давоми солҳои 2022-2023 муассисаҳои таълимии №38 №49 №55 №86 ва №104 бо дастгирии соҳибкорони саховатпеша ба истифода дода шуданд. Айни ҳол, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда истодааст. Хушбахтона, вазъи ҳамкории ҷомеа бо мактаб ва дастгирии ин соҳаи муҳим аз ҷониби сокинони ноҳия хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
— Вазъи ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифтани духтарон чӣ гуна аст ва оё ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки падару модарон монеи ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб шудани духтарон шаванд?
— Воқеан, ин масъалаи хеле муҳим аст. Қаблан ҳолатҳое ба назар мерасид, ки баъзе аз падару модарон барои таҳсили духтаронашон монеъ мешуданд. Хушбахтона, ҳоло вазъ дар ин маврид хеле тағйир ёфтааст. Айни замон падару модарон баҳри соҳибмаълумот гардидани духтарон саъю кӯшиш менамоянд ва садди роҳи ба зинаи сеюми таҳсилот ҷалб шудани духтарон намешаванд.
Мусоҳиб
Суҳроб ВАҲҲОБНИЁ,
“Омӯзгор”,
минтақаи Рашт