Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бомуваффақият баргузор намудани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ корҳои иттилоърасонию таблиғотиро чун солҳои қабл дар шакли курси шиносоӣ ҳамасола аз моҳи январ то моҳи март дар се марҳала – дар миқёси ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳо ва дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор намуд.
Мувофиқи иттилои оморӣ дар давраи асосии бақайдгирӣ аз якуми март то якуми май барои иштирок дар ИМД – 2023 ҳамагӣ 73 473 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз қайд гузаштанд, ки ин нисбат ба соли 2022-юм 6867 нафар (8, 55 фоиз) кам аст. Новобаста аз корҳои таблиғотии анҷомдодаи марказ, теъдоди довталабон дар соли ҷорӣ боз ҳам камтар гардид. Шумораи мазкур ҳамагӣ 74, 22 фоиз – и нақшаи қабули донишҷӯёнро дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соли таҳсили 2023 – 2024 ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки гурӯҳи ихтисосҳои панҷум (тиб, биология ва варзиш) аз ҳама сер-интихоб буда, шумораи довталабони ин гурӯҳ 99, 14 фоизи ҷойҳои нақшавии онҳоро ташкил медиҳад. Баръакс, гурӯҳи ихтисосҳои якум (табиӣ ва техникӣ) аз ҳама каминтихоб буда, шумораи довталабони ин гурӯҳ ҳамагӣ 44, 81 фоизи ҷойҳои нақшавиро ташкил медиҳад.
Шумораи хатмкунандагони синфи ёздаҳум дар соли ҷорӣ ҳамагӣ 105839 нафарро ташкил дод, ки он нисбат ба соли 2022 – юм 13853 нафар камтар аст. Аз ин шумора дар давраи асосии бақайдгирӣ ҳамагӣ 68675 нафар барои иштирок дар ИМД – 2023 худро номнавис карданд. Бино ба таъкиди С. Ҷаъфарзода, мувофиқи омори соли 2022 аз шумораи умумии хатмкардагони синфи 11 ҳамагӣ 61, 41 фоизашон барои иштирок дар ИМД худро номнавис карда буданд.
Чунонки директори марказ зикр намуд, шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) дар давраи асосии бақайдгирӣ (аз якуми март то якуми май) ба 13068 нафар баробар аст, ки ин нисбат ба соли 2022 368 нафар зиёд мебошад. Ин шумора ҳамагӣ 108, 62 фоизи нақшаи қабули донишҷӯёнро дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ барои соли таҳсили 2023 – 2024 ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) дар давраи асосии бақайдгирӣ номнависшуда 9795 нафар (74, 95 фоиз) духтарон ва 3273 нафар (25, 05 фоиз) – ашон писарон мебошанд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
