Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 августи соли 2023 дар шаҳри Ашқобод дар Нишасти Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Сарони давлатҳо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сердар Бердимухамедов ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, обу экология, нақлиёт ва дигар соҳаҳои мавриди манфиати муштаракро баррасӣ намуданд.
Пешвои миллат зимни суханронии худ рушди устувори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо Туркманистон ва Ӯзбекистон ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд. Дар ин робита зикр гардид, ки тавсиаи ҳамаҷонибаи минбаъдаи робитаҳои байнидавлатӣ ҷавобгӯи манофеи аслии мардумони се кишвар буда, ба пойдории сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Сарвари давлати мо ҳамзамон, таъкид намуданд, ки ба шарофати фазои мусоиди сиёсӣ, ки тайи солҳои охир ташаккул ёфтааст, дар саросари Осиёи Марказӣ раванди фаъоли тавсиаи робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ идома дорад, ки барои рушди устувори кишварҳо замина мегузорад.
Дар робита ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва обу иқлим, Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон, бо дарназардошти захираҳои ғании гид-роэнергетикии худ, мақсад гузоштааст, то истеҳсоли “энергияи сабз”-ро рушд диҳад ва омода аст, дар ин соҳа бо кишварҳои минтақа минбаъд низ ба таври фаъол ҳамкорӣ намояд.
Зимни ҷалби таваҷҷуҳ ба тағйирёбии иқлим дар солҳои охир, Президенти Тоҷикистон ба аҳамияти ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ишора намуданд, ки барои манфиатҳои умум хидмат мекунанд ва аз пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдоранд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон бо ин, ба истифодаи босамари иқтидори се кишвар дар бахши нақлиёт, ки метавонад минбаъд низ ба таъмини устувории иқтисодиёти миллӣ мусоидат кунад, даъват намуданд.
Дар зимн, Сарвари давлат аз ташаккули долонҳои тиҷоративу транзитии авлавиятнок дар самти Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануби кишвари мо, ки дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд, ёдовар шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои Нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардид.
president.tj
